THE BUKHARIAN TIMES

Одам бо одам зинда аст!

Хонандагони азиз, ман фахр мекунам, ки яҳудии бухороӣ мебошам! Ҳақиқатан ҳам, яҳудиёни бухороӣ, куҷое ки зисту зиндагонӣ накунанд, он таълиму тарбияю ахлоқу одобу анъанаҳою рафтору кирдору урфу одатҳою ойинҳои бебаҳое, ки аз падару бобоёнамон мерос қабул намуданд, ҳеҷ вақт гум намекунанду наҳоҳанд ҳам кард. Ман шарафманду сарфарозам, ки яҳудиёни бухороиамон шукрбандаю меҳнатчӣ, инсонпарвару некукор, фармонбардору қадрдон, боистеъдоду тиффоқу ҳунарманд, донишҷӯю ватандӯст мебошанд. “Иззат аз калону салом аз хурд!”- доимо таълим медоданд моро падару бобоёнамон. Ё ин ки, “Падару модаратро ҳурмат бикун, дуои некашонро бигиру ба муродҳои неки дилат мерасӣ!”- моро доимо меомӯзониданд хирадмандони ҷамоатамон.

Дар асоси мана ҳамин гуна гуфтаҳою таълиму тарбияи неку нотакрори гузаштагонамон, моён калон шудему ба воя ҳам расидем! Боиси бузургии он гуфтаҳо, шукр ба номи Худованди яккаву ягонаамон, моён ҳеҷ вақт иззату ҳурмати якдигарамонро, ё ин ки падару модару бобою бивиҳоямон, ё ин ки ҷамоати ба дилу ҷонамон баробарро, аз дастамон намедиҳему гум ҳам намекунем! Боиси он гуфтаҳояшон, моён дар ду дунё ҳеҷ вақт хорию зорӣ намебинем! Ин сиффатҳои арзандаи намояндагони ҷамоати яҳудиёни бухороӣ аз насл ба насл гузашта истода, рӯз то рӯз, бозу боз ҳам устувортар шуда мондаанд, хонандагони азиз.

Яке аз чорабиниҳои шартию қабулшудаи моён, ин ҳам гузаронидани шабҳои ёдоварии гузаштагонамон мебошанд. Моён нағз медонем, ки он чорабиниҳою юшвоҳо, бо сеъудою таклиф намудани ҳоровҳои пурдону меҳмонони зиёде, ки ин ҳам қонуни шартии Ҳалахои Тӯро Ҳақудушоии моён нестанд, мегузаранд. Вале, чуноне ки аз даҳонамон, аз он солҳои ширини бачагиамону равшании ҷавониамон, калимаҳои дӯстдоштаи Тӯрою мисво, барахою ҳаслохо, қадишу ҳашково, сеъудою шаббот, сиситу талит, ҳорову тафилин, канесою дигару дигарон, ҳеҷ вақт гум шуда наметавонанд, он шабҳои ёдоварии гузаштагонамон, яъне юшвою азкоро ҳам, аз рӯйхати чорабиниҳои моён хат задаю гум шуда наметавонанд!

Одам бо одам зинда аст!

“Чизе бикорӣ, онро мебардорӣ!”–меомӯзониданд хирадмандонамон. Ахлоқу одобу тарбияи арзандаи инсонгарии тамоми намояндагони ҷамоати яҳудиёни бухороиамон, пурра дар асосу таҳкурсии иззату ҳурмат, нисбат ба падару модару бобою бибию наздиконамон, сохта шуданд. Ҳам дар вақту мӯҳлати барҳаёт буданашон ва ҳам баъд аз ин дунё гузаштани он сарварони оилаҳоямон, моён иззату ҳурматамонро, нисбат ба онҳо, ё ин ки, нисбат ба арвоҳашон, ҳеҷ вақт аз дастонамон намедиҳему гум ҳам намекунем, дӯстон!

Бояд қайд кард, ки ягона ҷамоате аз тамоми ҷамоатҳои гуногуни яҳудиёни Эрес Исроэли шарқӣ, яъне ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, на ба шаҳрҳои Осиёи Миёна ва на ба Эрес Исроэл, гадоию қашшоқӣ надиданду ва ҳам, Худо хоҳад, намебинанд! Моёну тамоми сардорони ҷамоатамон, доимо кӯшиш мекунанд, ки он яҳудиёни бухороии бечораю табақаҳои камтар пасттар, худашонро ҳеҷ вақт танҳою ғарибу бечораю бекас ҳис накунанд. Ҳамаамон, куҷое ки набошем, ғамхӯри онҳо мебошем. Ягона ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, дар рӯзҳои мотами Холокосте, ки моён 6 миллион яҳудиёнро дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барбод додем, нисбат ба дигар ҷамоатҳои шарқии Эрес Исроэл, ба он гузаштагонамон, миннат нашавад, қадишу ҳашково мехонем! Сад офарин ба яҳудиёни бухороиамон!

“Одам бо одам зинда аст!” – мегӯяд шоир. Дар шабу рӯзҳои тантанавии хушу хурсандиҳо, ё ин ки шабҳои ёдоварии гузаштагонамон, бешубҳа, тамоми хешу таборону ёру дӯсту ҳамсояҳою ҳамдиёронамон, аз ҳисоби ҷамоатамон, аз ҷойҳои дуру наздик, бо воситаи автобусҳою поездҳо, таксию мошинаҳои шахсӣ, ё ин ки, ҳатто, самолёту пойпиёда, давон-давон, ба он чорабиниҳо меоянду, он шабҳои таърихиро бо омаданашон, ободу оро медиҳанд. Илоҳо, дӯстию меҳрубонии яҳудиёни бухороиамон аз ин ҳам зиёд устувортар бишаваду авҷ бигирад. Илоҳо, ягонтаамон дарди қадам нашавем ва дастархонҳои мурод бикшоем.

Аҳамият диҳетон, дӯстон, ки ин гуна шабҳои ёдоварии гузаштагонамоне, ки моён ташкилу обод медиҳем, яҳудиёни ягон ҷамоатҳои дигари Эрес Исроэл намекунанд. Ҳамин тавр нест? Албатта, моён медонем, ки шабҳои ёдоварии гузаштагонамоне, ки моён, чун мисли тӯю маъраккаҳо, дар ресторанҳои номии Исроэлу Амрикою Австрияю дигар мамлакатҳои дунё мегузаронем, яке аз анъанаҳои дӯстдоштаамон мебошанд, хонандагони азизу мӯътабар. Мувофиқи қонуну қоидаҳои Тӯро Ҳақудушоамон, ягон яҳудӣ маҷбур нест, ки ин гуна чорабиниҳои серхароҷоту қиматбаҳоро гузаронад. “Ҳама чизеро мувофиқи мейёраш!” – меомӯзонад Тӯро!

Одам бо одам зинда аст!

Хоҳише дорам, дар бораи яке аз он шабҳои ёдоварии гузаштагонамон, яъне юшвои намунавӣ, дар мақолаи мазкур гуфта гузарам. Рӯзе дар виллаи шахсию ҳавлии подшоҳзеби хонума Барнохон ва мулло Сосон Хаимовҳо, ки дар гузари Кирият Шалом ҷой дорад, шаби тантанавию таърихии модари бебаҳояшон Қсио бат Соро гузаронида буданд, дӯстон. Аввали аввлаш, дар мавсими даромадани тамоми меҳмонони олиқадру таклифӣ, аз як дидани рӯйҳои хешу таборону ёру дӯстону наздикон, чашмонашон нур гирифт. Тартибу интизому равишу гузаронидани он шаби юшво, аз тарафи барандаи писандидаи он шабнишин, Тӯрохони хушовоз, мулло Менахем (Миша) Абрамов, ҷудо ҳам дилнишину завқовару дилрабо, аҷоибу намунавӣ буд.

Баромадкунандагони он шабнишини нотакрор, ин ҳам худи Менахем (Миша) Абрамову бародари пурдонашон мулло Шаломхай Завулунов, ҳорови номдори ҷамоатамон мулло Ҳилел Хаимову нависандаю санъаткору соҳибсухани адабӣ мулло Рафоэл Бангиев, доктор Гавриэл Хаимову ҳофизи беҳамтою хушовоз мулло Аҳарон Пинхосов (падари ҳофизи машҳури Рои Пинхосов) ва дигару дигарон, бо суханони пурқимату бебаҳояшон, он шабнишинро орою мунаввар гардониданд! Ҳақиқатан ҳам, хулосаи тамоми баромадҳои олиҷаноб он буд, ки Барнохону Сосони қадрдони он модари гузаштаашон, ки ҳам дар айёми зиндаю барҳаёт буданашон ва ҳам баъд аз гузаштанашон аз ин дунё, он иззату ҳурмати он касро аз дасташон надоданд, буд, ва боиси ин гап, ба пешравиҳо сазовор гаштани ин оила буд, дӯстон!

Дастархони пурупевони меваю донаю сабзавоту салатҳои бебаҳо, таъомҳою хӯроквориҳо, ба монанди моҳибирёну ассортии моҳиёи ҳархелаи оламу яхнӣ, самбӯсаҳои гӯштию ҳасиб, кабобуравғану бахшу хурбузаю тарбузу дигару дигарони бешумор ва ҳам нӯшокиҳои беҳтарини дунёамон, бешубҳа, тамоми меҳмононро ба меҳмондорию меҳмоннавозии мулло Сосону ҳамсарашон Хонума Барнохон, қоилу моил кунониданд! Ҳақиқатан ҳам, дар он шабнишини ҷаннатӣ, фақат шири мурғу ҷони одам намерасид!

Гуфтан шарт аст, ки аҳамияти муҳим ба зуҳархонию деврей Тӯро Ҳақудушоамон, дар он шабнишин дода шуда буд. Боиси оҳангҳою нигунҳои бебаҳои ганҷинаи Шашмақому овозу пардозҳои дилнишинашон, мулло Менахем (Миша) Абрамову Шаломхай, доктор Гавриэл Хаимову ҳофизи беҳамто Аҳарон Пинхосову ҳоров Ҳилел Хаимов, ҳар як ҳарфу калимаи Тӯро Ҳақудушоамонро ба осмони ҳафтӯми Худо бароварда, ба гӯши худи Бузургвори олам, равон кунонидаанд. “Мардум ризою Худо ризо!” – мегӯянд хирадмандон. Тамоми нишастагон, аз он хониши устодонаи зуҳарҳо, шоду мамнун гаштанд. Илоҳо, он зуҳархонон ба муродҳои некашон бирасанд.

Одам бо одам зинда аст!

Ман шахсан, борҳои зиёде дар шабнишинҳои шабҳои ёдоварии гузаштагони намояндагони дигар ҷамоатҳои яҳудиён, яъне мароккониҳою тейманиҳо, ироқиёну эрониёну дигару дигарон, иштирок намудам. Дар мавсими сеъудо, ҳатто, дар миёнаи рӯзҳои аввалини ҳафтаи он инсони гузашта, одамони ҷамъшудаи он шабҳои ёдовариашон, бо якдигарашон ба ҳазорҳо мавзуҳо, чун монанди бозорию рӯзгорӣ барин, бо овозҳои баланд гап мезананд, ягон одам дар бораи сиффатҳои неки он инсони гузашта гап ҳам намезанад, ягон ҳоров аз таълими Тӯро ягон чизеро ҳам намеомӯзонад?! Хуллас, ғалоғули бисёри бекораю бефоида дар он ҷойҳо рӯй дорад. Боре, дар яке аз шабҳои ҳафтаи аввали модари ҳамсояи мароккоии худам, ман шахсан иштирок намуда, хестаму, барои ҳурмати он ҳамсояам, “Ле илуй нишмат” гуфта, номи модари гузаштаашро ба ёд овардам. Баъд аз ин ҳам, ман каме аз тарҷимаи ҳоли он мадар, дар бораи сиффатҳои неки он кас ва, бешубҳа, каме аз диврей Тӯро, гуфта гузаштам.

Он ҷамъомадагон бошанд, яке якбора ба худ омада, анча ботартибу боинтизом шуда мондаанд. Ба суханони ман диққати ҷиддӣ додаанд. Дар давоми суханам бозу боз диврей Тӯро гуфта гузашта мондаам. Атмосфераи он шаби ёдоварии модари ҳамсояам якбора дигаргуну мусбӣ шуда, ҷомаи амал пӯшид, дӯстон. Аз фурсат истифода бурда, ба тамоми ҷамоатамон, барои риоя намудани он анъанаҳои қиматбаҳоямон ва ҳам барои иззату ҳурмату меҳмоннавозиашон, нисбат ба арвоҳи инсони гузаштаю меҳмононашон, миннатдориамро изҳору баён намуда, умри дарозу ризқи фаровон, бедардию беғамӣ, рӯзҳои хушу хурсандиҳоро орзу мекунам. Бигузор он анъанаҳои ширини падару бобоёнамоне, ки дар асоси иззату ҳурмату инсонгарӣ, нисбат ба якдигарамон, барои дигар ҷамоатҳои яҳудиёни исроэлӣ сабақу намуда бишаванд, ному нишони будагону гузаштагонамон, илоҳо, дар дафтари ҳаёти инсонӣ абад зинда монад. Омен ва Омен!

Рафоэл Бангиев

Тел-Авив.
Эрес Исроэл