THE BUKHARIAN TIMES

Офариши Худованд

Мағзи сар

Майнаи сар— ин узви фармондиҳии одам,

Фикр, ҳиссиёт, ҳаракати идораи олам.

Дар муддати тамоми ҳаёт, ў дар ҳаракат,

Нагирифта дам кор мекунад бе истироҳат.

Шабҳои дароз дам мегирем — хоби бароҳат,

Майнаи сар медарояд ба кори пуршиддат.

Рагҳои хунии майна, истода як қатор,

Бо кислород кор мекунанд чу монанди матор.

Сад ҳазор километр дарозии раги майна,

Моеъи мағзи сар зулолу тоза чу ойна.

Вақти хоб тоза шавад бо моеъи мағзи сар,

Аз моддаҳои токсинӣ, ифлосию заҳар.

Шаст фоизи мағзи сар аз равған иборат бод,

Равған вобаста нест ба парҳези одами зод.

Аз стресси дароз, андозаи майна шавад кам,

Ҳаҷми мағзи сар майда шавад аз бори ғам.

Хурсандӣ созед бо хотири ҷамъу саломат,

Ба майнаи сар қувва шавад кори каромат.

Машқи ҷисмонӣ— асоси озуқаи мағзи сар,

Машғулоти ҷисмонӣ қиммат аз тиллою зар.

Аз дами саҳар сар кун нӯшидани тоза об,

Низ фаъолияти мағзи сар нашавад хароб.

Як дақида кислород наояд ба мағзи сар,

Ҳуҷайраҳои мағзи сар мемуранд аз заҳар.

Бедорхобӣ барои мағзи сар гуруснагӣ,

Аз серии хоб мағзи сар ҳам кунад зиндагӣ.

Мағзи сар надорад пирию кӯҳансолӣ,

Фақат рагҳои хунӣ мешаванд аз хун холи.

Конструктори сохти майни одам— аз Худо аст,

Ба Худо бовар накунӣ гар—, бидон хато аст.

Ба ҳар корхонаҳои Худо ман Полина ҳайрон,

Аз Худо умедворам майним нашавад вайрон.

04.02.2024

Худо ба пири расонад

Дунё гузаро аст, захира* нест вақтро, бидон,

Умри инсон гузарон аст, нест каси ҷовидон.

Пиршавии табиӣ монанд ба беморӣ,

Аммо ин бемори нест, баҳри тан кори ҷорӣ.

Хотираи заиф, “алцгеймер” не, нести ту хаста,

Механизми калонсол майна, пир шавад аста.

Фаромӯш созед ҷои калит, ё ки як адад*,

Деменция не ин, меёбед он чизро албат.

Пойҳо ноустувору боз ҳам суст шавад қадам,

Ин фалаҷ нест, ин сустии мушакҳои одам.

Бехобӣ—беморӣ нест, ин аломати пирӣ,

Ин тағирёбии майна чу парешон хотирӣ.

Реуматизм нест, гар дард кунад урзанди бадан,

Ин ҳам табии, пир шавии устухони тан.

Пиронсолӣ—беморӣ нест ва набувад асос,

Ин роҳи табиии зиндагӣ асту халос.

Ҳамшира ман гӯш кунед суханамро бо диққат,

Ба пиронсолон ва хешони он диҳам маслиҳат.

Бидонед, ки на ҳама нороҳатӣ— беморӣ аст,

Бадан тарбия, дар пирӣ, чизи даркори аст.

Ба соли пирӣ, фарзандон дода аҳамият,

Ба падар— модари пиронсол диҳед амният.

Пиронӣ – як тарзи мавҷудияти дигар аст,

Бо эҳтиёткорӣ, саломатӣ бехатар аст.

Бузургтарин мушкили пиронсол –танҳоӣ аст,

Аз ин рӯ, алоқаи хешона, даркорӣ аст.

Дар ин олам ҳар мушкилот ҳалли худро дорад,

Зиндагӣ абад нест, ҳаёт ҳам ҳадди худро дорад.

Полина гуфто ҳаёт монанди гулу барг аст,

Ягона беморие, ки табобат надорад, марг аст.

Имрўз донед қадри ҳаёт, кашед чуқур нафас,

Файз баред аз ин ҳаёт, бароед берун аз қафас.

захира*—запас

адад*—предмет

27.12.2025

Кани адолат?

Якчанд саволе дорам ман ба халқи олам,

Бар халқи яҳудий, чи қаст доред, чи алам?

Бо дили нотинҷ гирифтам қоғазу қалам,

Эй ҳалоиқ, ЯҲУДИЙ ҳам фарзанди одам!

Гар дони қадр қиммати ҳаёти инсонӣ,

Таги гапро аввал бифаҳм, сухан рон сонӣ,

Яҳудий халқи доною оқил, гар донӣ,

Дурандеш ин ЯҲУДИЙ ҳам фарзанди одам!

Ду ҳазор зиёд миллат, дар курраи замин,

Сияҳпӯст, гандумрангу сафедпӯсти ҷамин,

Хуни сурх, устуғони сафед— ҳамма ҳамин,

Мо— миллати ЯҲУДИЙ ҳам фарзанди одам!

Ба тани инсонӣ ояд дарди саратон,

Ҷарроҳ— шифокор ҳунармандӣ созад ҳар он,

Қувваи террорӣ ҳам саратони замон,

Ҷабрдида он ЯҲУДИЙ ҳам фарзанди одам!

Дар як курраи замин дорем истуқомат,

Ҳукмрони олам аст Худованди адолат,

Қиблагоҳам, бардош бидеҳ ту бо матонат,

Миллати ман ЯҲУДИЙ, ҳам фарзанди одам!

Дардро ҳис кунем ҳамма, бар ҷасати зинда,

Баъди мурдан—ба гӯр хок шавем пароканда,

Мурдан ҳақ аст, дар ҷаҳони нағзу ҳам ганда,

Худо дорем—ЯҲУДИЙ ҳам фарзанди одам!

Дар ҷаҳон яҳудиён ҷудо ҳам кам фоиз,

Сазовори мукофоти Нобел— ба ки моиз?

Бист фоизаш ба дасти Яҳудий – ин боис,

Заковатнок ЯҲУДИЙ ҳам фарзарди одам!

Дар ҳар нуқтаи замин, Яҳуд, ки сохт хона,

Обод гашт он ҷой бо ҳунарҳои замона,

Полина ҳам бандаи Худои ягона,

Худопараст ЯҲУДИЙ ҳам фарзанди одам!

07.12.2023

Дунёи фониӣ

Ганҷинаи рӯзгори ман, ҷовидон ҳоло нашуд,

Хори гул бар даст халиду, мушки он соро нашуд,

Бигзарад дунёи фониӣ, ҷовид нашуд як касе,

Мурдани инсон, ки ҳақ аст, орзуҳо барпо нашуд.

Омади инсон ба олам, тӯҳфаи Элоҳӣ аст,

Инсоний меҳмон будасту, соҳиби дунё нашуд.

Реҷаҳо сохтам хаёлан, орзуҳо буд ранг баранг,

Мажғулот кардам шабу рӯз, реҷаҳо иҷро нашуд.

Ман меҳмони ин замонам, умри ман ҳам якбора,

Мезбон Худо бод ҳамеша, гуфти мо асло нашуд.

Меравем аста зи дунё, ҷавон мурӣ нашавад,

Мурдаанд садҳо ба ҷангу, кафан ҳам сарпо нашуд.

Наметарсам ман аз мурдан, ки мурдан роҳи ҳақ аст,

Гурези инсон зи мурдан, бидон, ки ҳоло нашуд.

Полина ту доим бидон, ба меёр гир ҳар чизе,

Меравем ду дасти холи, аз аҷал даво нашуд.

10.09.2022

Полина Хаимова / Шоира, Исроэл