THE BUKHARIAN TIMES

Иди Пуриё бо хурсандиҳо гузарад!

Аз он давраҳои ширини бачагиамон сар карда, тамоми иду муъэдҳою шабу рӯзҳои шабботу намозу тафилоҳою зуҳархониҳоро моён аз лутфу лакоми он падару бобоёнамон, бо воситаи забони модарии ҷамоати яҳудиёни бухороиамону нигунҳои он ва ҳам урфу одату ойинҳою анъанаҳои қадим шунида, калон шудему ба воя ҳам расидем. Ин ҳам сабаб шуд, ки ба он забони бебаҳои модариамону маънидодҳои порчаҳои Тӯро ва ҳам рафту гузашти он муъэдҳоямон, моён абадан ошуқу дилдода шуда мондем.

Дар давраҳои имрӯзаамон ҳам, ман шахсан, он шабҳою рӯзҳои иду муъэдҳоямонро, бо забони ивритӣ гирифта мегузарам ва лекин, дар мобайни он гуфтугӯю сӯҳбатҳою маънидодҳоям ман гоҳе ба забони модариамон мегузарам. Ин ҳам сабабе мебошад, ки тамоми набераҳоям, бисёр ми ё кам ми, фарқаш нест, дар атмосфераи бухороӣ калон шуда истодаанд. Ба ёдам гоҳе омада меистад, ки Худораҳматӣ Бахмал бивиам, ба дастони моён кулчаҳои қандиро дода, бо табассуми модарона, мегуфтанд: “Ин кулчаи қандия, барахои “Мазонӯт” дода хӯр, бачим! Илоҳим ба иду муъэдҳои бисёр расӣ, ҷони бивеш!”

Ман, албатта, барахои лоиқандае, ки маро бовояму бивии дӯстдорам омӯзониданд, дода, он кулчаи қандӣ ми вай, рӯғанӣ ми вай, ё ин ки самбӯсаи пурёӣ ҳам бошад, бо кайфу сафо мехӯрдам. Ана, ҳамин хел, боиси тарбияи бовою бивиам ва ҳам, бешубҳа, падару модарам, ману акаю бародаронамон барахоро меомӯхтем, дӯстон. Аз он давраҳои бачагиамон сар карда, бовою бивию падару модаронамон ба моён тамоми ҳодисаҳою воқеаҳои гузаштаи давраҳои Мурдахай Ҳасадиқу Эстер Ҳамалко, ё ин ки Мӯше Рабину ва ҳам дигару дигаронро, ба тарзи чақчақу афсона, гуфта медоданд.

Иди Пуриё бо хурсандиҳо гузарад!

Дар он шабу рӯзҳо моён ба ҳар як хешу таборонамон, ё ба тамоми ёру рафиқонамону ҳамсояҳоямон, аз он кулчаҳои қандию рӯғанӣ, тӯша карда, хона ба хона гирифта мебурдем. Ба даргоҳи Худо ҳазорҳо маротиба шукр мегӯем, ки ин анъана дар Эрес Исроэл “Мишлуах манот” номида шуда, давом дода истодааст! Бояд қайд кард, ки яҳудиёни бухороиамон, ба ҳар ҳол, он нусқаи кулчаҳои қандию рӯғаниро ва ҳам самбӯсаҳои пурёиро, то ҳануз мепазанду мехӯранд, дӯстон. Ин ҳам як кайф дорад!

Дар шабҳои иди Пуриё ми, Писхо ми, Рош Ҳашоно ҳам бошад, ман ба фарзандонаму набераҳоям дар бораи тамоми ҳодисаҳою воқеаҳои гузаштаи таърихии падару бобоёнамон, ба тарзи мӯхтасар, гуфта мегузарам. Ин шарт аст, дӯстон! Гоҳе ман, ивритро ҷудо ҳам нағз дониста, бо забони модарии яҳудиёни бухороиамон, бачаҳою набераҳоямро дуои нек ҳам мекунам. Бовар кунетон, дӯстон, ки онҳо ба он суханҳою дуои некам, ба забони модариамон, ҷудо ҳам омӯхта шуданд. Он дуо ба гӯшашон ҷудо мефорад!

Боре набераи хурдиам Итамар аз ман пурсид: “Бобоҷон, оё Авроҳому Исҳоқу Яқӯв ва ҳам Мурдахай Ҳасадиқу Эстер Ҳамалко ҳам яҳудиёни бухороиамон буданд ми?” Набераам Маян ҳам илова дод: “Бобоҷон, баъд аз чақчақҳои Шумо, ман ҳам доимо тассавур мекунам, ки тамоми он қаҳрамонони Тӯрою ТаНаХ ва ҳам Подшоҳ Мӯшиях, хешу таборону ҳамзабони моён мебошанд?” Литал набераам боре, ҳатто, гуфт: “Бобоҷон, ман он қаҳрамонони Тӯроро бо ҷомаҳои кундалу қалпоқҳои чуст, Тӯро бар дасташон, тассавур мекунам!”.

Одатан, халқи тамоми Эрес Исроэл ва, алалхусус ҷамоати яҳудиёни бухороиамон, дар шабу рӯзҳои иди Пуриё, карнавалҳои театравӣ, баромадҳои дастаҳои ҳаваскорону касбии мӯтрибону ҳофизону актёрони либосҳои ҳархелаи идона пӯшида, ҳам дар кӯчаҳои мамлакатамон ва ҳам дар саҳнаҳои театрҳою клубҳою хонаҳои маданият мегузаронанд, хонандагони азиз. Давушҳои карнаю сурнай, дойраҳою нағораҳо, овозу пардозҳои ҳофизон, атмосфераи он шабу рӯзҳои иди Пуриёро идонаю шодона мегардонанд.

Иди Пуриё бо хурсандиҳо гузарад!

Иди Пуриё, чун мисли тамоми идҳои Исроэл, бозу боз исбот мекунад, ки Худои азизамон моро аз мобайни тамоми халқҳои олам интихоб намуда, фарзандони нахӯстбинаш хонд. Аҳамият диҳетон, дӯстон, ки тамоми миллатҳои олам, чун мисли ғуломон, ба пеши Худо рост наистода, балки ба болои зонуашон меистанд! Ҳамин тавр нест? Фақат яҳудиён, ба Бузургвори олам, чун мисли фарзандони нахӯстбину дӯстдоштааш, рост истода, бо фахру иззату ҳурмат, намозу тафилоҳояшонро мехонанд. Онҳо тамоми хоҳишҳояшону талабҳояшон ҳам, ба он Падари Бузургвори олам, рост истода изҳор мекунанд! Ин аксиомаро исбот кардан ҳам даркор нест, ки он чизе ки айён аст, ҳоҷати баён надораду нест, дӯстони азиз!

Илоҳо, иди Пурёи меомадагӣ, бо хушу хурсандиҳою сулху амонӣ гузарад, то ин ки фарзандони нахӯстбини Бузургвори олам будагиамонро доимо ҳис кунем! Илоҳо, Худои Ҳаждаҳ Ҳазори олам бозу боз ҳам ҳамаамонро ба нигоҳи некаш гирифта, аз Ҳӯмону Паръӯ, Гитлеру Хамас, Эрони исломии хунхӯру Хизбалла, дар вақту соаташ халос кунад! Омен ва омен!


АВТОР: Рафоэл Бангиев Тел-Авив. Эрес Исроэл