
“Ба саг нон додаму саг моилам шуд.
Нигаҳбони тамоми манзилам шуд.
БУБИН ФАРҚИЯТИ ИНСОНУ ҲАЙВОН,
БА ИНСОН ХУБӢ КАРДАМ, ҚОТИЛАМ ШУД,
ПОРАИ НОНЕ КИ ДОДАМ
БА САГ ҚАНОАТ МЕКУНАД,
НИСФИ ҶОН ДОДАМ БА ДӮСТАМ,
боз хиёнат мекунад..
Одамизод, мувофиқи табиаташ, доимо ҷӯяндаи дӯсту рафиқи ҷонию вафодор, беғаразу некхоҳ мебошад. Ҳастанд одамони танҳою бекасу ғариб, бе ёру бе дӯсти ҳақиқӣ, яккаву ягона. Ин гуна одамон, бешубҳа, ба дӯсти ҳақиқӣ зор мебошанд. Вале, сад афсӯс, ки на ҳама одамон бо якдигарашон муомиллаҳои дӯстию рафоқатӣ сохта метавонанд. Онҳо, чор тарафро мебинанд, ки ягон кас ба дарду доди онҳо намерасад ва рафта, як саги аҷоибро аз магазини ҳайвононт ми, ё аз мутахассисон ми, фарқаш нест, мехаранд. Онҳо дар муддати 2-3 моҳ бо он саг дӯсти ҳақиқию ҷудонашаванда мешаванд.
Ҳоле, дар Тӯротену Ҳақудушою Гмара, қайд карда шудаст, ки Бузургвори олам, тамоми ҷонварони оламро офарида, аз Одам Ҳаришон талаб кард, ки ба ҳар яке аз ҳайвонот, мувофиқи табиату миҷозашон, рафтору кирдорашон, ном диҳад. Одам Ҳаришон бошад, ба тамоми ҳайвонот, ба забони якӯминтарини одамизод, яъне иврит, ном дод. Масалан, сагро мушоҳида намуд, ки ҷудо ҳам, нисбат ба хӯҷаинаш, яъне одам, дӯсту рафиқи ҳақиқию вафодору некхоҳ буда, барои он хӯҷаинаш, ҳатто, ҷонашро дареғ намедорад! Барои ҳамин ҳам, номашро ба забони ивритӣ “Келев” монд. Калимаи “Келев” ба забони ивритӣ ин ҳам “Кэ Лев”, ё “Куло Лев”, яъне, чун монанди дилу ҷони одамизод ва дӯсти ҷонӣ мебошад, дӯстон.
Шерро мушоҳида намуда, Одам Ҳаришон ба хулоса омад, ки ин ҳайвони даранда ҳамаро ба тарсу воҳима меорад. Барои ҳамин ҳам, номашро “Арие” монд. Калимаи ивритии “Арие”, дар асоси калимаи ивритии “Еръа”, яъне тарсу воҳима меовардагӣ, сохта шудааст. Морро мушоҳида намуд, ки ин ҳайвон доимо, кулӯла шуда, гӯё, истироҳат карда истодааст. Ва, ногаҳон, ба ягон ҷонвар талла меафтаду ҳуҷум мекунад. Барои ҳамин ҳам, Одам Ҳаришон номи ин ҳайвонро ба забони ивритӣ “Нахаш” монд, ки қисми аввалини ин ном “Нах” (истироҳат) буда, қисми дигараш “Хаш” (талла карда газидани ҷонвар) мебошад, дӯстон.

Харро мушоҳида намуда, Одам Ҳаришон ба хулоса омад, ки ин ҳайвот ба тамоми дардҳою зарурияти одамон, чун мисли дорую хизматгори беминнат, даво мебошад. Номашро ба забони ивритӣ “Хамор” монд, ки ба забони ивритӣ дастёри беминнату ёрдамчии ҳаматарафаи одамро “Хомрӣ” меноманд ва ҳоказо. Мана акнун, хонандагони азиз, Шумо нағз фаҳмидетон, ки ба тамоми саволҳоятон, ҷавобҳои дурустро аз Тӯрою Кабалаю Гмара, фақат ба забони якӯминтаринамон, яъне иврит, ёфта метавонетон. Агар ба ёдатон бошад, дӯстон, он Даҳ Суханони Бузургвори оламро ҳам моён ба забони ивритӣ дар кӯҳи Синай қабул карда будем. Ҳамин тавр нест?
Дар кӯчаҳо моён гоҳе одамони кӯру маъибро мебинем. Дастёру хизматгори беминнати ин гуна одамон сагҳои хондаю таълимгирифтаю доно мебошанд. Ин гуна сагҳо, ҳақиқатан ҳам, асои пирию касалии одамони мӯҳтоҷу маҳталшуда мебошанд. Дар олами хизмати бехатарии мамлакатҳо, яъне аскарону полицияю разведкаю кофтукоби савдогарони наркобизнесҳо, сӯхторҳою заминҷумбишҳою дигару дигарон, ин гуна сагҳои тарбияю таълимгирифта хизмати шоёну шоиста мекунанд. Онҳо қаҳрамон мебошанд.
Инак, мавзӯи муҳим будани сагҳоро дар хонаводҳои одамон, дар ҳаёти ҳаррӯзаашонро, давом медиҳем, дӯстон. Моён оилаҳои зиёдеро мешиносем, ки яккаву ягона фарзанд доранд. Он якка фарзандашон бародару хоҳар ҳам надорад. Ин ҳам хоҳишу фармони Худо мебошад. Он якка фарзанд, бешубҳа, зиқ мешаваду танҳоӣ ҳам мекашад, ки падару модараш рӯзи дароз ба кори худашон машғул мебошанд. Рӯзғор да! Гоҳе он яккафарзандашон дар хона нишаста, намедонад бо чӣ машғул шавад. Рӯзе ман ба хонаи яке аз ҳамсояҳои дасти ростам, ки ягона фарзанди 12 сола доранд, меҳмон шудам. Аҳволпурсӣ кардем. Вале чашмонам доимо ба он духтарчаи онҳо буд. Ин духтарча худашро танҳою ғариб ҳис мекард, ки ягон дугонаи ҷонӣ ё акаю бародар ҳам надошт, ки бо онҳо каме бозӣ кунад.
Бо иҷозати падару модар, он духтарчаро ба назди худам ҷеғ задам. Бо ӯ сӯҳбатро сар кардам. Психологияи бачагонро ман нағз мешиносам, ки муаллим мебошам. Аз имову ишорат ман якбора фаҳмидам, ки он духтарча зиқ мебошад. Дар давоми сӯҳбатамон ман дар бораи рафоқатию дӯстӣ мобайни бачаҳо ва калонсолон гап задам. Оҳиста-оҳиста ба мавзӯи ҳайвоноти хонагӣ гузаштам. Дар бораи миҷозу кирдору табиати сагҳо каме ба он духтарча гуфта додам. Мушоҳида намудам, ки сӯҳбати моён авҷ гирифта истодааст ва чашмони он духтарча, аз хушу хурсандӣ, нур гирифтанд.
Аз он духтарча пурсидам, ки агар падару модараш розӣ шаванд, ӯ хоҳише дорад ми, ки онҳо ба ӯ як сагбачаи майдачаи лӯхтак баринро, харида диҳанд? “Ҳа, ҳа, амакҷон,–шодонаю хурсандона ҷавоб дод он духтарча. – Агар падару модарам ба ман як сагбачаи зебою хушмеҳрро харида диҳанд, ман худам ӯро мепарварам. Тамоми хонаҳои манзиламонро ҳам ораста мекунам!”- аз шодию ҳаяҷон, ваъда дод он духтарча. Ин сӯҳбатамонро, бешубҳа, падару модари духтарчаи хурсандшуда, фаҳмиданд. Онҳо ба хулоса омаданд, ки ба духтарчаашон як сагбачаи майдачаи зотӣ харида, тақдим мекунанд.
Худи пагоҳ онҳо, якҷоя бо духтарчаашон, ба магазини ҳайвоноти хонагӣ рафта, як сагбачаи лӯхтакмонанди кулӯлачаро харида, ба хона оварданд. Падари он духтарча, яъне ҳамсояам, пеш аз ба манзилаш даровардани он сагбача, шишта, як дуои нек кард: “Илоҳо, қадам расаду бало нарасад!” Ин гуна дуоро тамоми яҳудиёни бухороӣ, дар айёми омадани меҳмонон ми, ё дӯстону рафиқон ми, ё ягон ҷонвари навро ба хона даровардан ми, фарқаш нест, бо орзую нияти нек, мегӯянд. Моён медонем, ки ҳар як ҷонвар, ба худаш хос, пову қадам дорад. Моён бошем, бо умедҳои зиёде аз Худо илтимос мекунем, ки пову қадами он ҷонвару инсон нек бошад, дӯстон.
Илоҳо, дар хонаводҳои тамоми одамони сулхпарвару некхоҳ доимо меҳмонону дӯстони ҷонӣ оянду пову қадами нек оранд, то ин ки ҳамаамон ба хушу хурсандиҳо расем. Омен ва омен!
АВТОР: Рафаэль Бангиев Тель-Авив. Израиль