
Васиятномаи ишқ
Сарчашмаю бунёди ишқ аст муҳаббат,
Бе муҳаббат, вайрона – ишқий иморат.
Гар муҳаббат барояд аз як гиребон,
Бе як аломат, ҳар мушкил мешавад осон.
Чунон, ки зан кунад ба мардаш табассум,
Дар дили мард, хушзабонӣ шавад такаллум.
Чунон, ки мард диҳад ба зан эҳтирому арҷ*,
Зан шавад барои ӯ биҳишту фараҷ*.
Марди майдон, ки гирад дастони занаш,
Он мард такягоҳи зану ҳам малҳамаш.
Зан агар пушт диҳад ба марди хонааш,
Қӯҳро қалқон кунон, созад ба ӯ лонааш.
Зан бо нози худ, шоҳ созад аз ин мардака,
Марди мардон ҳам занашро созад малика.
Зан, ки сирри мардро дар дил нигоҳ дорад,
Мард—некдомании занро фиғон дорад.
Дар ҷавонӣ, ишқ – парвонаи шамъу нарм аст,
Дар даври пирӣ – оби зулолу раҳм аст.
Мӯи сафеди мардро бӯса кунад зан,
Марди пир занашро ба ҷонаш кунад тан.
Гуфт Полина—Зану мард як ҷисманду ду ҷон,
Агар яке дард кунад, дигаре созад фиғон.
Муҳаббату ишқ аслан як ҳастанд ба маъно,
Бо ишқу ростқавлӣ, олам бӯстони раъно.
Арҷ* — уважение
Биҳишту фараҷ* — рай наслаждения
01.08.2026

Ободии САМАРҚАНД
Эй дӯст, як таърихро ба ёд орем агар,
Даври гузаштаро меорем дар назар.
Маълум аст, ки ду шахсони Шахрисабзӣ,
Самарқандро обод карданд бо ишқи рамзӣ.
Яке Темурланг Амир, аз асри чордаҳ,
Аз Шахрисабз то Самарқанд баровард раҳ.
Амир, аз Самарқанди кӯҳна, пойтахт сохт,
Обод кард, обидаҳои таърихий андохт.
Ӯ Самарқандро табдил кард чу “Гавҳари шарқ”,
Регистон, Шоҳи Зинда ҳоло мезананд барқ….
Ба саршавии асри нуздаҳ андозем назар,
Дар Шахрисабз, ҳаёти яҳудӣ буд бар хатар.
Ҳокими шаҳр азоб дода яҳудиро нуқул,
Маҷбур мекард, ки Исломро намояд қабул.
Элияҳу Абухайр яҳудӣ дотӣ –пуримон,
Рад кард дини Исломро, бо ғурур, ин инсон.
Пӯшиданд чалмаи хамириро бар сараш,
Аз сараш равғани бирён рехтанд бар танаш.
Фарёд зад, вале нагуфт калимаи таслим,
То охир, номи яҳудиро нигаҳ дошт, бо таълим.
Элияҳу номи некро нигаҳ дошт бе маломат,
Бо ғурур, дар таърих, номаш рамзи матонат.
Оилаи Элияҳу бо тарсу ваҳм гашт парешон,
Гурехтанд аз Шахрисабз зану бачаҳошон.
Писарҳо Биямин, Мӯше ва духтар Лео,
Самарқанд рафтанд бо модар Бибихано.
Ин оила дар Самарқанд ҳаёт мекард бо азоб,
Рӯзгор дошт дар рисқи рӯзӣ, фурӯхта яхоб….
Мӯшеи доно, калон шуд, ба қад баробар,
Буд чаққону хушёр, ақли расо— диловар.
Ҷасорати Мӯшеро дид Қозикалони шаҳар,
Бо амри Амири Бухоро, ӯ шуд калонтар.
Мӯше—дуюм Шахрисабзӣ баъди Мир Темур,
Ба ободии Самарқанд, ҳиссадор шуд, як умр.
Гар Темур бо шамшераш Самарқандро сохт,
Мӯше— бо ақл ва адолат, онро оро дод.
Мӯше кӯчаҳоро кард сангфарш дар шаҳар,
Чоҳу оби шаҳарро ислоҳ кард, ҳар қадар.
Бозорро васеъ кард, дода тоҷиронро ҳурмат,
Боғи яҳудиён сабз шуд, мазлум гирифт қувват.
Фарзанди Шахрисаб — дар Самарқанд тахт,
Мӯше, дар таърих, сабт шуд, ба яҳудӣ бахт.
Амир Темур бо устуворӣ ҷаҳонгир шуд,
Мӯше—бо адолату имонаш дилогир шуд.
Ман Полина Шахрисабзӣ, доим бо ғурур,
Ба Амир Темур ва Мӯше, ҳурматам чуқур.
Шахрисабзам – ту модари ду гавҳарӣ,
Яке шоҳи ҷаҳон, дигаре шоҳи бародарӣ!
10.08.2026

НАСИҲАТ БА НАФСИ ИНСОНӢ
Эй нафс, гӯш бикун ту насиҳати маро,
Накун ҷонамро гирифтори ин бало.
Ҳар чизе мехоҳи, фоида надорад,
Аз оқибаташ оташи ҷаҳон биборад.
Дар ҷавонӣ, пок кун дилро дар олам,
Пеш аз он, ки ояд пирӣ баҳри одам.
Дӯсти шайтон машав – эй нафси бечора,
Роҳи ҳақро кун интихоб, машав оввора.
Агар ғолиб шавӣ ту бар хоҳиши бад,
Расвои ҷаҳон шавӣ ту, аз мардум рад.
Гар мағлуб шавӣ ту, бо дурӯғ ҳикоят,
Шавад умри беҳуда, ба қабр зиёрат.
Гуфт Полина – Аз нафси бад нигаҳ дор Худо,
Нафси бад, аз дӯсту хеш намояд ҷудо.
Як рӯз меравем, танамо шавад хок,
Монад дар олам, амали неку номи пок.
31.07.2026