
РАФОЭЛ НЕКТАЛОВ
БАХШИДА БА 70-СОЛАГИИ ИН ИНСОНИ ОЛИҚАДРУ НОТАКРОРИ ҶАМОАТАМОН
Пеш аз кушодани мавзӯи мазкур, ман бояду шояд каме дар бораи кию чӣ будани Рафоэл Некталов, ба тарзи мӯхтасар, дар доираи умумиҷаҳонӣ, гуфта гузарам, хонандагони азизу ба ҷону дил баробар.
Сайқали рӯйи замин аз қадим, бо боғҳои хушманзара, бо ҳусну латофати худ диққату эътибори шахсро чун оҳанрабо ба худ мекашад, ин ҳам шаҳри бостонии Самарқанд мебошад. Рафоэл Некталови яккачину гули подшоҳзеби ҷамоатамон, ки зодаи ин сарзамин мебошад, бо он доимо фахр мекунаду меболад. Ҳақ бар ҷониби шоири бузургу номдорест, ки ин шеъри дилкашро баҳри Самарқанд гуфтааст:
“Биё, хушдил нишин, ҷӯши баҳорон дар Самарқанд аст,
Гуландому суманбӯ, лоларӯён дар Самарқанд аст!
Биҳишти ҷаннотосо Боғимайдон дар Самарқанд аст,
Боғимайдон аз ҷумлаи қадимтарин атрофи Самарқанд аст!”
Ҳоле, яҳудиёни бухороӣ анъанаҳою урфу одатҳою ойинҳои ҷудо ҳам аҷоибу нотакрор доранд. Одаме, ки бо ахлоқи нек, таълиму тарбияи арзанда, боиси некхоҳию некукориҳояш, нисбат ба манфиати оилаашу ҷамоаташ, дар доираи ҷамоати яҳудиёни бухороиамон сазовори унвони ИНСОНИ НЕК мегардад. Инсони неку арзанда, писандидаю шинохташудаи ҷамоати умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ Рафоэл Некталов, дар муддати солҳои зиёде, яке аз мусиқашиносони машҳуру номӣ, сармуҳаррири газетаи марказии ҷамоати ҳамдиёронамон дар Амрико “Бухариан Таймс”, координатори Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ, инсони хирадманду ҷамоатчии фаъолу номдор ва ҳам дӯсти азизу бебаҳои ман мебошад, дӯстон!
Дило, дӯстон сехеланд, гар бидонӣ: нонию забонию ҷонӣ!
Ба дӯсти нонӣ ту нон бидеҳ, аз дар равонаш кун,
Навозиш кун ба дӯстони забонӣ ва лек
Ба дӯстони ҷонӣ ту ҷон бидеҳ, гар метавонӣ!”

Моён медонем, ки ин сарсуханҳои муаллиф дар бораи Рафоэл Некталов, фақат як шингилчаи майда аз боғи гулистону бӯстону подшоҳзеби ҳаёту эҷодиёти пурсабзу сермеваи ин инсони олиқадри бомаҳорату боистеъдоду некукору соҳибсухан мебошад, дӯстон. Аз таҷрибаи чандинсолаи мақоланависиам дар газетаҳои ҷамоатамон дар тамоми рӯи замин, ман бо дили пуру далерона қайд карда метавонам, ки мулло Рафоэл Некталов ба вазифаи муҳиму мушкили сармуҳаррири газетаи марказии Амрико “The Bukharian Times” ҷудо ҳам зебандаю арзанда мебошанд.

Бешубҳа, ин баҳою тақризамро ман борҳои зиёде дар баромадҳоям, дар тамоми газетаҳои ҷамоатамон такрор карда меистам. Халқ бояду шояд қаҳрамонҳои худро, пеш аз баҳо додан, нағз шиносад. Ҳар як мақолаи нависандагоне, ки ба редаксияи газетаи “Бухариан Таймс” меояд, албатта, аз назорату такмилдиҳии ин сармуҳаррир мегузарад, дӯстон. Рафоэл Некталов бо ҳар яке аз нависандагони газетааш бо иззату ҳурмат, бо забони хушу муомилаҳои инсонӣ ва ҳам дар асоси этикаи нависандагони тамоми ҷаҳон, кор мекунанд. Ин ҳам сабаб шуд, ки нависандагони Амрикою Эрес Исроэлу Австрияю дигару дигарон манзилҳои рӯи замин, ба газетаи Рафоэл Некталов, бо хоҳиши зиёдею бо илҳоми эҷодӣ менависанд.
Рафоэл Некталов инсони хирадманду маърифатпарвар мебошанд. Дар газетаи он кас сифатҳои неки озодии сухани нависандагон, полемика, яъне гоҳе баҳсу мубоҳисаҳо, нисбат ба мавзӯъҳои интихоб кардаи нависандагон, нисбат ба якчанд матбуоти вуҷуддоштаи ҷамоатамон, ҷой доранд. Дар газета ин сармуҳаррири бебаҳо навигариҳои актуалию ҳозиразамонавӣ, ҳатто, доир ба сиёсатчиёни ҳукуматҳои Амрикою Исроэл, бемалол вуҷуд доранд. Ҳақиқатан ҳам, дар бораи фаъолияти Рафоэл Некталов рӯзу шаб сухан гуфтан мумкин аст. Ин инсони олиқадру камтарин доимо ғамхӯри ҷамоатамон мебошад. Яҳудиёни бухороиамон, барои маслиҳати фоидабахш гирифтан, ба назди Рафоэл Некталов доимо мераванд.
“Хоҳи, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо биравӣ, азизи мардумон бошӣ,
Такрор куну амал куну илм омӯз,
То тоҷи сари ҷумлаи мардумон бошӣ!”

Ҳаёту эҷодиёти Рафоэл Некталов ба аксарияти намояндагони ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, аллакай, намунаю ибрат шуда мондаанд. Вай фестивалу баромадҳои ҳофизону мӯтрибон, раққосагону созандагони яҳудиёни бухороӣ, вай ҷамъомадҳою консертҳои тематикии ганҷинаи сурудҳою оҳангҳои Шашмақом, вай ташаббускорию ташкил намудани баромадҳои умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ дар биноҳои номии олам, ки онҳо аз дасти шахсии мулло Рафоэл Некталов баромада меистанд, ҳамаамонро ба тааҷуб меоваранд, хонандагони азиз!
Ба наздикӣ Рафоэл Некталов дар ресторани номию мунаввари Эрес Исроэл “Самарқанд”, ҷашни 70-солагиашонро тантанавору идона гузарониданд. Албатта, ба ин чорабинӣ тамоми санъаткорону маърифатпарварону нависандагону мусиқашиносону бастакорон ва ҳам намояндагони намоёни Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ омада, иштирок намуданд. Вай сурудхониҳою оҳангнавозӣ, вай суханҳои неку баромадҳои соҳибсуханон, нисбат ба Рафоэл Некталов, вай рақсҳои бозебу баромадҳои созандагон, бешубҳа, дили Рафоэлро бо тамоми меҳмононашон ба эҳсосотҳои аҷоибу баҳроварию димоғи чоқу кайфу сафо оварда расониданд, дӯстон!
Ба дӯсти азизам Рафоэл Некталов солимию бардамӣ, умри дарозу ризқи фаровон ва муваффақиятҳои бепоёнро таманно дорам. Бигзор ин инсони нек доимо соғу саломат бошад, аз кассалию дарду мушкилиҳою офату бало Худо он касро доимо дур гардонад, мӯҳтоҷию маҳталия набинанду ҳар рӯзашон фирӯзу кайфу сафо шуда гузарад! Омен ва омен!
АВТОР: Рафоэл БАНГИЕВ
ТЕЛ-АВИВ. ИСРОЭЛ