Инсони боваринок кист?

ШӮЪБАИ ИНСОНШИНОСӢ

“Ба ҳар як субҳу шоми бахши 

мо шукрона бояд гуфт,

Ба ҳар рӯзу шаби доди Худо шукрона бояд гуфт!”

Ин ҳам сабабе мебошад, ки моён рӯзу шаб ба Бузургвори олам шукрномаҳои худамонро изҳору баён менамоем. Шукр мегӯем, ки дар шаҳри бостонии Душанбе, бо хоҳишу фармони Худо, таваллуд шуда, ба таълиму тарбияи арзандаю неки инсонгарию меҳмоннавозӣ, қадрдонию хоксорӣ, иззату ҳурмат, нисбат ба падару модарону тамоми калонсолон, меҳнатию вафодорӣ, нисбат ба оилаҳоямон ва ҳам ватан, ростқавлию динпарварӣ сазовор гаштем, хонандагони азизу мӯътабар!

Ҳа, дӯстон, дар СССРи гузашта сохти давлати коммунистӣ вуҷуд дошт. Вале ман ягонта намояндагони ҷамоати яҳудиёни бухороии он шаҳрҳои бешумори Осиёи Миёнаро надидаму намешиносам, ки писаронашро брит мило накарда бошад, ё хонаи шахсии истиқоматиаш бе мезузо бошад, ё тӯю маъраккаҳои ғариқонунии Тӯро, яъне трефоию бе кошерхӯрӣ дода бошад?! Чихеле ки моён дар Эрес Исроэл ба канесо рафта намозхонӣ мекунем, дар СССРи гузашта ҳам тафилохонӣ мекардему худамонро аз қонуну қоидаҳои Тӯрою кошерхурӣ дур намекардему ва ҳам ҳаргиз намекунем.

Ҳоле омӯзгорони номдор ба моён доимо таълим медиҳанд, ки “Гап дар дили инсон мебошад!”:

“Агар ҳаёт корвон бошад, сарбон муаллим,

Агар ҳаёт тилло бошад, заргар муаллим,

Агар ҳаёт дарё бошад, гавҳар муаллим,

Агар ҳаёт шоир бошад, устод муаллим!”

Мана, хонандагони азиз, аз ин гуна муаллимону омӯзгорони пурдону хоксор, дунёдидагону дунёшиносон, моён, аллакай, дар шаҳри Душанбе таълиму тарбияю донишҳои ҳаматарафаи оламро, қабул намудему инсонони боваринок шуда мондем!

“На ҳар кас сазовор гардад 

он сетта мукофоти Худодод:

Инсонгарию Равобинию Истеъдод!”

Ба Эрес Исроэл, даромадан пас, яке якбора ҳис кардем, ки худи яҳудиёнаш ба сектаҳою гурӯҳҳои бешумори динпарастон тақсим мешаванд. Ин ҳам намояндагони сектаи литаимҳою натурей картае, ки Эрес Исроэлро, чун мамлакати қонунии яҳудиён ҳам, тамоман намеписанд ва барои манфиаташ кору хизмат ҳам намекунанд. Ё ин ки, гурӯҳи яҳудиёни хаседимҳое, ки ҳамаашон бо пайпоқҳои дарози сапсафеду каллапӯшҳои зимистона мегарданду тамоми китобҳои муқаддаси яҳудиёнро чалла мехонанд. Ё ин ки сионистони динпарвари кипаҳои бофташуда мепӯшанд. Қисми таркибии онҳо, бешубҳа ба манфиати оилаашону ватанамон, кору хизмат мекунанд. Имрӯз бошад, яке аз қисмҳои таркибии гурӯҳи онҳо ҳам, ба табақаҳои каҷфикру гардантахтаю беандеша мубаддал гашта, идеологиашон зидди халқамон шуда рафта монд.

Ё ин ки намояндагони ҳизбҳои “Байроқи Тӯрою” Яҳдут ҲаТӯрою” дигару дигарон ҳам, майнаашон тамоман гаштагӣ мебошаду онҳо, дар айёми ҷанг бо хамаси хунхӯр, ба ҷое ки Исроэлро муҳофизат кунанд, ба кӯчаҳо баромада, бо полисия задухӯрд мекунанду доду фиғон мезананд: “Мурем ҳам, ба аскарӣ хизмат намекунем!” Савол ба миёна омада истодааст: “Кадоме аз он гурӯҳҳои болономбурдаю мазқарабозони “ба Худо наздик”ро инсонони боваринок номидан мумкин аст?” Масалан, ману як гурӯҳи калони инсонони хондаю бообрӯи ҷамоатамон, ба ягонтаи аз он одамшаклони дурӯя боварӣ надорем. Моён, аввалу охир, фақат ба Бузургвори Олам, Худои яккаву ягонаамон боварии комиле дорем, ки ягона боваринок Худо аст!

“Эй ёр, дӯстон сехеланд, гар бидонӣ:

нонианду забонианду ҷонӣ!

Ба дӯсти нонӣ ту нон бидеҳ, аз дар равонаш кун!

Навозиш кун ба ёрони забонӣ

Ва лек ба дӯстони ҷонӣ ту ҷон бидеҳ,

гар метавонӣ!”

Нест юшувое, ки дар залҳои тантанавии Исроэл мегузараду он “садоқохӯрону гадоҳои чашмгушна”, аз табақаҳои яҳудиёни динпарпавони ҷамоатҳои ғайри яҳудиёни бухороӣ омада, аз ҷамоатамон пулчинӣ накунанд. Кошке халқамонро як дуои нек кунанд?! Дар солҳои охир, ҳатто, барои халқамонро дуои нек додан ҳам, вақти он қашшоқон нест! Боз моён, аз ноилоҷӣ, дар тафилои “Беркат ҳамазон мехонем: “Наар ҳаити, гам заканти вэ ло раити цадик нээзав вэ мевакеш лехем, яъне садоқо!” Боварӣ ба онҳо нест!

Дар шаҳрҳои Осиёи Миёна, ба таълиму тарбияи арзанда сазовор гашта, моён иззату ҳурмати падару модарону калонсолон, якдигарамонро дида, дастро ба тарафи диламон монда, саломҳои гарм додан, ҳар як меҳмони ба манзиламон қадам гузоштаро, чун мисли подшоҳ, меҳмондорӣ намудан ва ҳоказо хусусиятҳои бебаҳои инсониро шинохтему аз паи онҳо мешавем. Моён “одам” ном дорем. “Ба кидмато вэ цилмато Ҳақодуш Борух Ҳу бара эт адам!” Ин калима ба забони ивритӣ ҳам “одам” номида шуда, аз 3 ҳарфи муаян иборат мебошад. Ҳарфи “Алеф” “Эмуна” буда, фармон медиҳад, ки чун мисли худи Худо, боваринок шавем!! Ҳарфи “Далет” Дерех Эрес буда, аз одамон, чун мисли Худо, дасту дилкушоиро, нисбат ба дигарон, талаб мекунад. Ҳарфи “Мэм” Маасим Товим буда, аз одамон, чун мисли Худо, некукориҳоро, нисбат ба якдигарашон хоҳиш мекунад! Ин қонуни Худо аст!

Илоҳо, ҳамаамон ба роҳи дурусту муқаддаси Худо рафта, чун мисли Худо, инсондӯсту равобину некукор бишавем. Омен ва Омен!



АВТОР: РАФОЭЛ БАНГИЕВ
Тел-Авив. Эрес Исроэл