Авроҳом Толмасов – Тоҷи Сари санъаткорони шарқию Шашмақом!

 

Башида ба 70-солагии устоди устодон Авроҳом Толмасов

Баҳор–яке аз фаслҳои зеботарини сол мебошад. Ин фаслро зиндашавии табиат ва ҳам арӯси сол меноманд! Ҳақиқатан ҳам, дар фасли баҳор, на фақат тамоми замину табиату ҷонварону растаниҳо, балки қобилиятҳои беҳтарини Худододи одамизод, яъне истеъдоду илҳому эҷодиёт, бедор мешаванду рангҳои баҳорию фирӯзию подшоҳзеб мегиранду мешукуфанд! Дар васфи баҳор адибон шеърҳою достонҳо гуфтаанд. Масалан, яке аз шоҳнависандаи форсзабон, домулло Амирӣ, дар шеъру суруди “Соқиномаи Ироқи Бухоро”-е, ки қисми ҷудонашавандаи мақоми “Бузрук”-и ганҷинаи бебаҳои классикии “Шашмақом” шудааст, дар ҳаққи баҳор чунин гуфтааст:

“Чаман шуд тозарӯ, то фасли гулгашти баҳор омад,

Зи ҳар шохе гуле сарвқадди гулизор омад…

Муборак бод Наврӯзи тараб боғи табиатро

Гули шодӣ шукуфту меваи ишрат ба бор омад!”

Ҳақиқатан ҳам, баҳор яке аз фаслҳои ҷаннатмонанди сол дар кишварҳои дунё башумор меравад ва ба муносибати фарорасии баҳор, дар давлатҳои ҷаҳон, иду маросимҳои халқӣ гузаронида мешаванд. Дар давраи баҳор ҳама мисли гул шукуфон мегиранд. Фасли баҳорро, дӯстон, фасли ризқу рӯзию файзу барахо низ меноманд. Дар маросими фасли баҳор дарахтон гул мекунанд, замин ҷомаи нав ба бар мекунад ва табиату дили шахс ҳам, мисли замин, аз нав зиндаю шукуфон мешавад!

Яке аз фаслҳои баҳору нишоти умри ҷамоати яҳудиёни бухороии тамоми олам, бо иди зодрӯзи Ситораи Шарқ, булбули хушхону мукаммали сурудҳои ганҷинаи бебаҳои Шашмақом ва ҳам шарқии тамоми олам, мӯтриби мӯъҷизаофари тамоми асбобҳои вуҷудбудаи шарқии олам, ба монанди тору рубоб, тамбӯру ғиҷак, дойраю аккордеон, ситору домбра, гитараю дигару дигарон, намояндаи авлоду аҷдоди номию машҳури Толмасовҳою писари қаламқошу хушқомади ҳофизу тамбӯрнавоз Гавриэл Толмасову Шура-модари меҳрубону дилсӯз, дӯсти азизамон Авроҳом Толмасов, сар шуд, дӯстон! Ин ҳам дар соли 1956, дар шаҳри бостонии Самарқанд буд.

“Қадри зарро заргар медонад!” – мегӯянд. Ҳақиқатан ҳам, ба дараҷаи санъатшиносию мӯтрибию сарояндагии Авроҳом Толмасов, ҳар як шахси қаторӣ ё ин ки, ҳатто, мӯхлису қадрдонашон, баҳо гузоштан ҳуқуқе надорад. Бояду шояд ба хонандагонамон бозу боз ҳам гуфта гузарам, ки ман Донишкадаи Олии Санъати Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм намуда, бо ансамбли оилавии артисти халқии Тоҷикистон Нериё Аминов ва, сонитар, бо тамоми ҳофизони машҳури олампаноҳи ҷамоатамон ҳам, дар муддати солҳои зиёде, дар баромадҳои консертию тӯйхонаҳои тамоми Осиёи Миёна, кор кардам. Дар Эрес Исроэл бошад, сазовори унвони Аълочии Санъати Исроэл ва ҳам аъзои Иттифоқи нависандагони Исроэл гаштаам. Зиёда аз 60 сол ман омӯзгору устоди мӯтрибону ҳофизон буда, садҳо санъаткоронро, ба монанди Славик Хиёев, Эли Тоҷиков, Шумелу Ариэлу Эмонелу Яхиэлу Михоэл Изроиловҳою Артур Хоҷиеву Гавриэл Толмасову дигару дигарон, ба воя расонида, ба саҳнаҳои олам баровардам. Барои ҳамин ҳам, ман ба зиммаи худам, барои санъаткорию мӯтрибию сарояндагии Авроҳом Толмасов, ҳуқуқе гирифтаму мақолаи мазкурамро, аз нуги қалами худам, навишта бароварда истодаам! Бояд қайд кард, ки ин мақолаи мазкурро ман, бешубҳа, бо маслиҳатҳои фоидабахшу ёрии амалию дуои неки дӯсти азизу ҷудонашавандаам, мусиқашиноси камтарин, сармуҳаррири газетаи ҷамоатии “Бухариан Таймс” дар Амрико ба рӯшноӣ бароварда истодаам.

Хонандагони азиз, бовар кунетон, ки дар ин дунё ягон чизу воқеа бе сабаб нест! Чӣ нону насиба будаст, ки рӯзе ман, бо ансамбли оилавии устодамон Нериё Аминов, чун ҳарвақта, барои гузаронидани тӯйи калон, ба шаҳри Самарқанд омадам. Ин воқеа, тахминан, дар соли 1970 буд. Пеш аз гузаронидани он тӯйи мазкур, дар яке аз бурчакҳои рӯи ҳавлии он тӯйхона, чашмам ба як ҷавони аҷоиби, гитара бар дасташ, афтид. Ин йигит дар он бурчак, дар болои як устал нишаста, худаш ба худаш, гитара навохта, сурудҳои ширини шарқӣ хонда истода буд. Ман ба тарзу услуби сурудхониаш аҳамияти махсус додаам. Ба гӯшам як тарзи ҷудо ҳам фораму навгуне, ки то ҳоло аз ягон ҳофиз нашунида будам, расид, дӯстон. Аз соҳиби он тӯйхона пурсидам: “Ин ҷавонро номашон чист?” Он соҳиби тӯй ҷавоб дод:”Номи ин йигит Авроҳом буда, ӯ писари худи Гавриэл Толмасов мебошад!”

Тамоми ҳофизону мӯтрибони номию машҳури Осиёи Миёна, бешубҳа, пешакӣ медонистан, ки аз авлоду аҷдоди санъаткорони Толмасовҳо, бояду шояд, фарзандону набераҳояшон ҳам он қобилиятҳою истеъдоди падару бобоёнашонро мерос қабул кунанд. Ва лекин, ба санъати мӯтрибию сарояндагии яккачину нотакрору индивидуалӣ ва ҳам бо тарзи мӯъҷизаофарии оҳангу овозбарории Авроҳом Толмасови ҷавон нағз аҳамият дода, тамоми он намояндагони олами санъати мусиқавӣ ба хулоса омаданд, ки ин ҷавони қаламқошу боистеъдод, ҳақиқатан ҳам, ояндаи дурахшони санъати мусиқавии яҳудиёни бухороӣ ва ҳам тамоми халқҳои шарқ мешавад!

Аз аввалҳои солҳои 80-ӯми асри 20-ти гузашта сар карда, санъати сарояндагию мӯтрибии мӯъҷизаофарии Авроҳом Толмасов, барои тамоми санъаткорони шаҳрҳои Осиёи Миёна, яъне Самарқанду Бухоро, Душанбею Тошканд, Фарғонаю Намангону дигару дигарон, намунаю ибрат шуда монд! Дар ёдам то ҳануз он солҳои таърихӣ омада меистанд, дӯстон. Аз он солҳои навҷавонии Авроҳом Толмасов сар карда ва то ҳануз, дар ҳар як хонаводу мошинаҳои шахсию магнитофону телефонҳои дастию интернети оламӣ, намояндагони бешумори ҷамоати ба ҷону дил баробари яҳудиёни бухороиамон, кассетаҳою дискҳои аудиою видео, бо сурудхониҳои Авроҳом Толмасови беҳамтою такрорнашаванда вуҷуде доранд, дӯстон! Ба ҳар як суруди ганҷинаи Шашмақом ми, ё ин ки яке аз садҳо сурудҳои мурракаби шарқӣ ми, фарқаш нест, Авроҳом Толмасов тарзи импровизация, яъне аз худ бофта баровардани вариацияҳою тағъиротҳои гуногун ва ҳам ба ҷомаи баҳории кундалу симу зар пӯшонидани он асарҳо, эҷодкорӣ менамояд! Дар ҳар як суруди олами шарқ бошад: ҳиндӣ ми, туркӣ ми, озарию арманӣ ми, италиянию испанӣ ми, фарқаш нест, моён процесси ба шаклҳои нави баҳорӣ, таҷассуму мубаддалгардии тембру тарзи овозбарории ин ҳофизи боистеъдодро ҳис мекунем! Ҳамин тавр нест?

Авроҳом Толмасов санъаткори Худодод буда, чун монанди устодони Шашмақом Нериё Аминову Барно Исҳоқова, Меҳрӣ Исҳоқбоеваю Исҳоқ Катаев, Гавриэл Муллоқандову Гавриэлу Михоэлу Исроэл Толмасовҳою дигар сарояндагони бузурги Шашмақом, ягон Донишкадаи Олии Санъату Академияҳои мусиқиро хатм накардааст, дӯстон. Агар дар ёдатон бошад, хонандагони азиз, ҳамон Нериёю Барною Меҳрӣ, саводу нотаҳои мусиқавиро надониста, дар Донишкадаи Олии Санъати Тоҷикистон, ба Унвонҳо баланди омӯзгорону доцентҳою профессорони санъати сарояндагии ганҷинаи Шашмақом, сазовор гашта буданд! Аз дасти ботаҷрибаи он устодон сарояндагони машҳуру беҳамтои ганҷинаи Шашмақом, аз ҳисоби мардуми тоҷику ӯзбеку яҳудиёни бухороӣ, баромаданду саҳнаҳои Тоҷикистонро, бо сурудхониҳояшон, орою мунаввар мегардониданд. Барои ҳамин ҳам, аз тамоми ҷавоҳироти олам, доди Худо қиматтаре мебошад, дӯстон!

Аз он солҳо сар карда, репертуари Авроҳом Толмасови ҷавон аз сурудҳои ганҷинаи Шашмақом: “Муғулчаи Бузрук”, “Ироқи Бухоро”, “Талқинчаи Ироқи Бухоро”, “Насри Ушшоқ”, “Сарахбори Наво”, “Чапандози Наво”, “Насри Чоргоҳ”, “Савти Калон”, “Ушшоқи Калон”, “Ироқ” ва ғайраҳо иборат буд, дӯстон! Тарзи сарояндагии ин ҳофизу мӯтриби ҷавон, аз ягон устодони гузаштаи ин жанри Шашмақом, ба монанди Михоэлу Гавриэлу Исроэлу Рафоэл Толмасовҳою Гавриэл Муллоқандов, ё ин ки Нериё Аминову Барно Исҳоқова ва, ҳатто, худи Левичаи Бобохон, паст набуду нест! Ҳақиқатан ҳам, беҳуда намегӯянд, ки “Ҳар гулеро як бӯй!”

Бе сабаб дар урфият намегӯянд, ки “Ҳар замонга бир замон!” Яъне, дар давру замони мо, бо хоҳишу фармони Худо, моён ба Авроҳом Толмасов барин ҳофизу мӯтрибу санъаткори нотакрор сазовор гаштем! Ташаккур ба номи он Худо! Бояд қайд кард, ки ин устоди оҳангҳою сурудҳои Шашмақом, аз тарафи дигар, нисбат ба дигар сарояндагони бебаҳои имрӯзаи сурудҳои Шашмақом, устоди беҳамтои сарояндагии сурудҳои тамоми халқҳою миллатҳои олами шарқ ҳам мебошад! Масалан, рӯзе Авроҳом Толмасов бо актёру режиссёри олампаноҳи Ҳиндустон, Раҷ Капур, баъд аз баромадаш, вохӯрда монд. Ин инсони номии олами кинематографияю актёрию мусиқавии ҳиндӣ, ба санъати мӯтрибию ҳофизии Авроҳом Толмасове, ки ситорро бар дасташ гирифта ва ҳам як суруди ҳиндии мурракабро, бо тамоми рангҳою нюансҳою колориту менталитету табиаташ, устодона иҷро намуд, коилу моил шуда монд! Дар он замоная худаш, устод Раҷ Капур, бо дасти равонаш, ба Авроҳом Толмасов он ситори садафноку бебаҳояшро тақдим намуд!

Борҳои зиёде ману тамоми санъаткорони беҳтарини Душанбею тамоми Тоҷикистон, ба баромадҳои Авроҳом Толмасов дар тӯйхонаҳои бузургони он сарзамин рафта, аз санъати ин ҳофиз баҳровар гашта будем. Рӯзе ман бо якчанд санъаткорони Душанбе ба яке аз тӯйхонаҳои хирурги номдор рафтем. Сабабаш он буд, ки ба он тӯйхона ду ансамбли номию машҳурро таклиф намуданд. Ин ҳам ансамбли Шералӣ Ҷӯраев ва ҳам ансамбли Авроҳом Толмасов буданд. Дӯстон, бовар кунетон, ки тамоми халқ, давродавр шиштаю рост истода, то пагоҳӣ, аз мусобиқаи ин ду шерҳою устодони санъати сурудҳои шашмақому ӯзбекию шарқ, яъне Шералию Авроҳом, кайфу сафою лаззати илоҳӣ намуд, дӯстон! Ин гуна баромадҳои Авроҳому Шералӣ дар стадиони калони Ӯзбекистон, бо меҳмонии тамоми устодони номии санъати мусиқавии Ӯзбекистон, борҳои зиёде ҳам гузашта буданд!

Ман фахр мекунам, ки яке аз намояндагони ҷамоати яҳудиёни бухороиамон, яъне Авроҳом Толмасов, дар муддати солҳои зиёде, аллакай, ба статуси омӯзгору устоди тамоми санъаткорон, дар муддати зиёда аз ними аср, аз ҳисоби ҷамоатамон, сазовор гашта монд! Ҳақиқатан ҳам, агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои ҳарҷониба инкишоф ёфтани инсон, устоду омӯзгор рамзи баҳор аст! Бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Аз қадимулайём бузургони илму адабу санъатшиносӣ, мавриди зарурӣ ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод Авроҳом Толмасов, шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ба чунин шахсони хирадманду фозил, сазовори эътирофи умуми тамоми халқҳои форсабону туркзабону дигар миллатҳои олам, устоди беҳамтою ягона, беназиру нодир, Худододу Худомӯз ва ҳам сархаму хоксор, нозбардору хизматгори халқу ҷамоатамон, дӯсти азизу мӯътабарамон Авроҳомҷон Толмасов, дохил шуда метавонад, дӯстон!

Худо агар хоҳад, 17 октябри соли 2026 халқҳои рӯи замин ва алалхусус ҷамоати умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ, ҷашни 70-солагии тоҷи сари санъати мусиқавии шарқ, мақомшиноси беҳамто Авроҳом Толмасовро идонаю тантанавор пешвоз мегиранд. Ба Авроҳом Толмасов ва аҳли оилаашон, аз номи шахсии худам, аз номи тамоми ҳоровҳои писандидаамон, аз номи Ҳайати Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороиамон, аз номи Иттифоқи нависандагони Эрес Исроэл, редаксияи газетаи машҳури “Бухариан Иаймси” ва ҳам шахсии сармуҳаррири он, мусиқашиноси номӣ Рафоэл Некталов, аз самими қалб солимию бардамӣ, умри дарозу ризқи фаровон ва муваффақиятҳои бепоёнро дар олами санъати мусиқавӣ, орзу мекунам!

Илоҳо, Авроҳом Толмасов аз чашми баду кассалиҳою шикасту кулфату офату бало дур шавад ва ҳам, илоҳо, тамоми ниятҳою муродҳои дилаш ҳосил гарданду ҷомаи амал пӯшанд! Илоҳо, ба ҷашни бузурги инсонияш бирасаду боз ними асри дигар ба халқҳои тамоми рӯи замин хизмат кунаду он вазифаи аз Бузургони олам қабулкардаашро иҷро кунад. Омен ва омен!

АВТОР: РАФОЭЛ БАНГИЕВ
Мусиқашиносу нависанда Исроэл