
БАЙТЕ, КИ ПАДАРАМ БО ОН ВИДОЪ КАРД
Ман мехоҳам як андешаи шахсии худро ба аҳли “Шашмақом” пешниҳод намоям. Ин баҳс барои ман танҳо масъалаи як калима нест, балки масъалаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хотираи падар аст.
Солҳои зиёд ба иҷроҳои гуногуни “Ироқи Бухоро” гӯш кардаам. Мушоҳида кардам, ки баъзе ҳофизон мехонанд:
“Нишоти айши ҷаҳонро ҳамин қадар дидам…”
дигарон бошанд:
“Ҳаёти айши ҷаҳонро ҳамин қадар дидам…”
Ҳамин тавр, дар мисраи дуюм низ ду шакл шунида мешавад:
“Ба сояи рами оҳу чу хоб кардаму рафтам…”
ва
“Ба сояи рами оҳу чу тоб кардаму рафтам…”
Шояд барои баъзеҳо ин фарқият чандон муҳим набошад. Аммо ба назари ман, ҳар як калима дар Шашмақом ҷой ва маънои худро дорад.
Аз нигоҳи забон, “нишот” ва “айш” маъноҳои ба ҳам наздик доранд. Нишот — шодиву фараҳ аст, айш — лаззат ва хушгузаронӣ. Аз ин рӯ, “нишоти айш” то андозае такрори маъно менамояд. Вале “ҳаёти айши ҷаҳон” тамоми зиндагии пур аз айшу нӯши дунёро дар бар мегирад. Он гоҳ мисраи баъдӣ — “ба сояи рами оҳу чу хоб кардаму рафтам” — бисёр табиӣ ва амиқ садо медиҳад: тамоми умр мисли соя ё мисли хоби кӯтоҳ гузашт.

Аммо сабаби асосии навиштани ин сатрҳо чизи дигар аст.
Раҳмати падарам, Исҳоки Маҳваш, яке аз донишмандони ва дӯстдорони бузурги Шашмақом буданд. Дар рӯзҳои охири умрашон, вақте худ эҳсос мекарданд, ки вақти видоъ наздик шудааст, маҳз ҳамин байтро хонданд:
“Ҳаёти айши ҷаҳонро ҳамин қадар дидам,
Ба сояи рами оҳу чу хоб кардаму рафтам.”
Ин суханони охирини эшон аз Шашмақом буданд, ки ман шунидам.
Аз ҳамин сабаб, ҳар боре ки варианти дигарро мешунавам, беихтиёр он лаҳза ба ёдам меояд. Шояд ин танҳо хотираи шахсии ман бошад, вале эҳсос мекунам, ки мо бояд нисбат ба ҳар як калимаи мероси ниёгонамон бо эҳтиёт муносибат кунем.
Ман даъво надорам, ки танҳо ҳамин шакл дуруст аст. Баръакс, хоҳиш мекунам, ки устодони Шашмақом ва муҳаққиқон ин байтро бо дастнависҳо, сабтҳои қадимӣ ва ривоятҳои мактабҳои гуногуни иҷро муқоиса кунанд. Агар маълум шавад, ки шакли аслӣ воқеан “ҳаёти айши ҷаҳон” ва “чу хоб кардаму рафтам” аст, ҳифзи он на танҳо ҳифзи як калима, балки ҳифзи як пора аз мероси фарҳангии мост.
Шояд барои касе ин танҳо як байт бошад. Барои ман бошад, он садои падар аст, ки бо ҳамин суханон аз ин ҷаҳон видоъ кард.
АВТОР: Довиди Маҳваш (Мавашев)
Лонг Айленд, Нью-Йорк