
Қоидаи ҳаёт
Якчанд насиҳатро шунидам аз модар,
Аз хирадмандии модар диҳад хабар.
1).Эҳсосоти* худро накуни назорат,
Ҳиссиёти ҷаҳлу хашм, медиҳад ишорат.
2).Дӯстадро назди фарзандаш назан паст,
Хотири кӯдакон, аз мо ҳам, бештар аст.
3).Муҳаббатро бо илтимосӣ макун барпо,
Ишқи ҳақиқий табиатан шавад пойдо.
4).Ҳамеша мўътадилу бо таъм пӯш либос.
Намуди зоҳирӣ, бошад ба вазъият мос.
5).Доим ту қарзҳоятро сари вақт гардон,
Ин аз эҳтирому поквиҷдонӣ диҳад нишон.
6).Таърифу тавсиф кунанд туро, бош хоксор,
Шукргузорӣ кун ба ҷои гаҳвои ошкор.
7).Барои ба даст овардани эътибор,
Равшанӣ бубахш ба ҳар кори душвор.
8).Камтар ту гап зан, гар бошад ҳам зарурат,
Дар маҷлис, таассурот мон ту бе асорат.
9).Пеш аз баён кардани фикрҳои худ,
Таваққуф* карда, сипас сухан гӯйи шуд.
Модарам зани доною ҳам хушзабон,
Тӯдаи ақлу ҳам заковати имон.
Полина ҳар рӯз аз модар гирифта хабар,
Омӯзад дарси ҳаёт, аз сӯҳбати башар!
*эҳсосот—эмоция
*таваққуф—пауза
09.02.2025
Дари бахт
Буд на буд ба як деҳа, марди кӯҳансол,
Инсони меҳнатдӯст, равобину ҳалол.
Набераи ин кӯҳансол ҳар сафар,
Аз ҳоли бобояш мегирифт хабар.
Як рӯз набера омад назди кӯҳансол,
Набера буд бемадор— мондаю беҳол.
Бобо пурсид:-«чаро ту беҳол—бо ранги зард,
Гарчанд танат саломат, надори як дард”.
“Эх бобоҷон»—гуфт набера кашида оҳе,
“Корам барор намегирад чанд моҳе”.
Бобо буд бой аз хирадмандии ҳаёт,
Дод ба наберааш таҷрибаи наҷот.
“Ба баландию пастӣ, машав ту хафа,
Табассум кун, ки дорам ба ту як тӯҳфа,
Ин тӯҳфа ба даруни ғаладони шкаф,
Ин шкаф дорад якчанд болодорию раф.
Ин тӯҳфаро куҷо мондам, нест ба хотир,
Шкафро кушо, дарро паси дар, ёби охир».
Набера сар кард кофту ковро бо шиддат,
Дарчаҳои шкафро кушода бо навбат.
Баъди якчанд вақт, «ёфтам»—гуфт набера,
Шуд беҳад шодмону хурсанду завера*,
Бобо набераашро гирифта наздиктар,
Гуфт—»ҳаёт ҳам монанди ҷевони* пурдар».
Барои кофту коби дарвозаи бахт,
Аз ҳафт зиёд дарвозаро мезани сахт».
Ҳа дӯстон, дарвозаи ҳаёт ҷудо бисёр,
Пушти кадом дар, бахт ба мо интизор?!
Полина, аз кушоиши дар машав хаста,
Дари бахтро кушои ту раста—раста.
*завера – очарование
*ҷевон – гардероб
08.02.2025
Кампири доно
Буд на буд қишлоқи хароба, боз ба ин ҷуз,
Ëни он қишлоқ, истуқомат мекард як дуз.
Шабе ин дуз, фаромад аз бом ба хона,
Ба ин хона хоб мерафт як кампир –она.

Дуз кампирро бо оромӣ—секин кард бедор,
“Пул деҳ ба ман “—гуфт дуз бе як номусу ор.
Кампир тарсиду гуфт—»Хобе дидам оламшумул,
Таъбири хобамро гӯиӣ – медиҳам ба ту пул”.
“Чи хоб диди” –пурсид дуз бо манфиатдорӣ,
“Ба хобам—гуфт кампир—гиря кардам зор -зори.
Сабаби гиряям буд одами бадҳайбат,
Каҷрафтор инсони девсифату бешавқат.
Он гоҳ бо овози баланд пурсидам Ердам,
Ери бидеҳ Абраҳам, Ери бидеҳ Абраҳам»…….
Ба ногоҳ аз хонаи дигар омад Абраҳам,
Дузро зада афтонд ба замин, бе раҳам.
Дузи нодон пушаймон шуд ба рафтори худ,
Гуфто—»Таъбири хоб, ин кори ман набуд”.
Кампир доногӣ кард бе зарар, бо амният,
Полина доим хушёр бош ба ҳар вазъият!
22.01.2025
Қадри худро бидон
Ғамхорӣ кун ба ду нафар инсон ба паҳлӯ,
Беҳтар аз даҳҳо шахсони тасодуфу берӯ.
Туро ба лаҳзаи охир намояд таклиф,
Рад кун, он замон, асло нанамой ташриф.
Мабодо туро умуман накарданд даъват,
Нагир талабгорона он даъватро албат.
Агар намоянд туро зи хотир фаромӯш,
Ту ҳам фаромӯш намуда даратро пӯш.
Истифода баранд аз ту зиёде— аз ҳад,
Нуқта монда он дақиқа, каш хати сарҳад.
Гар нодида мегузаранд туро аз ёнат,
Хомӯш бош надав, паси онон оварда орат.
Бидон, ки гар ба ту намоянд хиёнат,
Ҳурматадро надеҳ, бирав сӯи киёнат*.
Ҳатто қадр накунанд туро мабодо як рӯз,
Фаромӯш кун ту онҳоро, сар карда имрӯз.
Набини дар мобайн ҳурмату эҳтиром,
Бо шараф аз миёна рав, тозону ором.
Аз ту шубҳа доранд?—ҳис кардаи руҳан,
Бо амали даст ҷавоб бидеҳ –на бо сухан.
Ба хотир дор Полина, хоҳишат ашъор аст,
Мақсадат шоирию, ниятад бисёр аст!
Ба номи он Худо —хулосаам ҳамин,
Ин дунё ҳичи—пуч, ба охир шавем замин.
Киёнат*—твоя жизнь
05.08.2025