Стихи Полины Хаимовой

Қудрати табиат

Ин табиат чи гуна, мӯъҷизаи калон аст,

Замин ҳатто ки осмон, ба қудраташ ҳайрон аст.

Кӯҳи барфин об шавад, резад даруни дарё,

Шаршараи ин қӯҳзор, аз офтоби тобон аст.

Файзи замин бе ҳисоб, ҳосилаш кони шарбат,

Ин шарбати мевазор, аз бориши борон аст.

Борону ҷолаю барф, заминро кунанд таёр,

Кишту кори боҳорӣ, ҳосили тобистон аст.

Ҳар сол баҳор ки ояд, дарахт ғунча мекунад,

Меваҳои хел ба хел, зебиши дастурхон аст.

Баҳор, ки ояд ҳар сол, замину замон гулзор,

Бо гардиши табиат, ҳар тирамоҳ хазон аст.

Ман Полина ҳар баҳор, интизори гулзорам,

Риши гули чаман, аз меҳнати боғбон аст.

13.09.2021

МӮРЧА ВА ХАР

Афсона—басня

Дар ҷусту ҷӯи сохтмону ободии мамлакат,

Мӯрчае буд, ба худ оввора, месохт иморат.

Қобилу меҳнаткаш мӯрча, ба кас надода озор,

Оилааш таъмин мекард, кашонида дон аз бозор,

Дар деҳа як хари лаъин ба мӯрча буд ҳамсоя,

Дар болои лонаи мӯрча, хар сохт зинапоя.

Хари нодон нотавонбин буду беақлу бахил,

Мӯрчаро озор медод хар, ҳамсояи ноқобил.

Хар бо пошнааш, мӯрчаро хоҳад, ки кунад пахш,

Мӯрчаи зиррак бо доногӣ дур мешуд аз хари вахш*.

Мӯрчаи хоксору меҳнатдӯст, некному неккарда,

Ëри медод ба зист, беминнат сухан карда бапарда.

Як рӯз ба чашмони шери ин деҳа, халид хор,

Хор даруни чашм даромад, шер шуд аз ин ҳол безор.

Наҷод пурсид шер, ба аҳли деҳа, кард муроҷиат,

Сокинон гуфтанд, фақат мӯрча туро мекунад сиҳат.

Шер бо чашмони сурх, бо фикри баровардани хор,

Роҳ баромад, ба лонаи мӯрча омад устувор.

Мӯрча бо чеҳраи кушода, шерро гирифт пешвоз,

Хорро аз чашми шер баровард, бо чаққонӣ бе овоз.

Аз ҳамон рӯз сар карда мӯрчаю шер шуданд бародар,

Ин сулҳии байни мӯрчаю шер расид ба гӯши хар.

Бадгӯи карда хари лаъин, назди шер омад хиромон,

Шер наъра кашид фарёд кард ба сари хар он замон.

Мӯрча, ҳаёти нотинҷи худро ба шер кард ҳикоя,

Гуфт шер:- “ бисёр азобҳо кашиди, акнун кифоя”.

Мӯрчаю шер якҷоя зидди хар эълон карданд ҷанг,

Доною паҳлавон аз ҳамдигари мегирифтанд ранг.

Мӯрча назди гӯши хар омада гуфт:-” шав ту таслим”.

Хари лаъин ҷанги хунӣ мехосту гирифт таълим.

Дар ҷанг хар шуд чӯлоқ ногирон болои ароба,

Шеру мӯрча, бардоштанд баланд байроғи ғалаба.

Хари лаъин ногирон буд нотавону сияҳдил,

Кӯчида рафт ба тарафи маймунҳою мору фил.

Мегӯянд:—”гар харро баранд бар Маккаю Мадина,

Боз мегардад ҳамун хари лаъин, хари қадима.

Хулоса—инсон чӣ гуна пӯшад ниқоби одамӣ

Моҳияти ӯ асло тағир наёбад оламӣ.

Аз худо умедворам, Полинаро накунад душманком,

Ба ин дунё, адоватро партовем ба болои бом!

Вахш*—дикий

26.03.2026

Ҳаёт

Тӯҳфаи олитарин аз Худо ба инсон,

Ягона ҳаёти равшану умри шоён,

Мактабе надорад корхонаҳои ҳаёт,

Ҳар яки мо ба ҳаёт омонату меҳмон.

Ҳаёти инсон дубора наояд ҳаргиз,

Ҳаёт як бораю қиматарину наргиз,

Каси доно донад қадру қимати ҳаёт,

Набарад ҳузури ҳаёт нодон бетамиз.

Ташвиши ҳаёт ба як рӯз намешавад ҳал,

Ҳар рӯз ки гузашт, якчанд муамо паси сар,

Вақт мебошад давои ҳар мушкили ҳаёт,

Шаб ки гузашт рӯзи нав ояд боз аз саҳар.

Ҳаёт баробар аст ба нағзону ҳам ганда,

Корхонаи ҳаёт омӯз ҳар рӯз эй банда,

Мегӯянд–бевафо дунё ғамхона ҳаёт,

Аз ҳаёт меравем моён намонда зинда.

Ҳаёт ин санъате, нест ба дӯкону бозор,

Чашмамо равшан бошаду дилҳо беозор,

Полина бо чеҳраи кушо бош ба ҳаёт,

Умри мо садҳо баҳору гулро як баҳор.

10.02.2019

Захми забон

Хондам ман дирӯз як тарбиявий ривоят,

Ва бо роҳи шеър, ба шумо кунам ҳикоят.

Ба як деҳа, одаму хирс буданд дӯсти ҷонӣ,

Боре одам хирсро таклиф кард ба меҳмони.

Меҳмон намуд хирсро одам бо ширин калом,

Зани он одам ба хирс, ҳатто нагуфт шалом.

Вақти рафтани хирс, гусел кард бародарвор,

Ба оғӯш гирифта, бӯсид хирсро бо устувор.

Ин ҳолатро дида, гуфт зани одам бо турш рӯй,

—Чи хел таъбат кашид, бӯса карди меҳмони бад бӯй.

Ин суханҳои занакро хирс фаҳмид аз долон,

Ба кӯча баромад, хафа шуд, гиря кард, нолон.

Чанде пас, одам мехост аз хирс гирад хабар,

Ба мақсади ҳезум овардан, ӯ гирифт табар.

Хирс дӯсташро бо ҷеҳраи кушод кард истиқбол,

Бӯсакунон, аз одам пурсид ӯ ҳолу аҳвол.

Бо ҳамдигар, гарму ҷӯшон карданд вохӯрӣ,

Ҳангоми бозгашти мард, хирс кард илтимоси ҷори.

—Дӯстам, илтимос, бо табар якто зан ба сарам,

—Чаро бегуноҳ туро мезадаам—пурсид бо алам.

—Сабабашро баъд мефаҳми, хирс кард илтиҷо,

Мард рози нашуд ба илтимоси хирс дар он ҷо.

Хирс аз ҷону дил норозигии мардро кард рад,

Мард ҳам маҷбуран ба кали хирс бо табар зад.

Хирс хуншор шуду даромад ба ҷангалзор,

Одам пушаймон шуд, ки зад хирси беозор.

Аз миён вақт гузашт, вохӯрдан онҳо солима,

Ҷароҳати сари хирс, сиҳат шуд мисли қадима.

—Дидӣ,—гуфт хирс—захми табар кайҳо ёфт шифо,

Аз захми забон, ба ҷароҳати дил, нест даво.

Полина—бо захми забон инсонӣ шавад хор,

Аз забони ширин, аз хона барояд мор.

04.03.2026


АВТОР: Полина Хаимова, Шоира, Исроэл