
Соли нав
Дастурхони идона, кушоем баҳри меҳмон,
Пешвоз гирем соли нав, бо хушнудию хандон.
Хурмо аввали таом, мехӯрем онро мудом,
Ба умеди он Худо, нашавем мо душманком.
Лӯбиёи болаззат, мехӯрем бо дӯсту ёр,
Бо номи нек ҳар замон, зхутамо шавад бисёр.
Карам хӯрда бо навбат, талабонем аз Худо,
Ба нигоҳи неки худ, аз дӯст макун ту ҷудо.
Ба даст гирам лаблабу, дуо карда туро ман,
Ба номи он Худованд, пиҳон шавад ҳар душман.
Ба каду омад навбат, ҳама мегиранд ба даст,
Рӯ баланд бошем фақат, дур шавем аз бахти паст.
Навбат омад мехӯрем, супсурх сердона анор,
Бо дасти хайр бошему, неккорӣ ба мо шиор.
Як бурда себро аввал, ҷӯлонида бар асал,
Табрик созем ҳамаро, бо соли нав, аз азал.
Яхнии гӯшти калла, бо навбад хӯрда аз нав,
Ба қафо намонда мо, шавем доимо пешрав.
Як бурда яхни шушро, бо асал карда таом,
Чашмамо равшану ҳам, дилҳо шод бошад тамом.
Маросими аҷоиб, такрор шавад баҳри мо,
Дўстон шаванд тоҷи сар, душман шавад зери по.
Муборакбод соли нав, бахту зафар ёр шавад,
Дӯсти ҷони дар ҷаҳон, зиёду бисёр шавад.
Шумоёнро Полина, табрик карда идона,
Гуфто— доим саломат, бошед баҳри замона.
18.09.23

Чор занро дӯст дор
Марди оқил, ба ту гӯям ман як ҳақиқат,
Дар ин ҳаёт, чорто занро дӯст дор ту фақат.
Якӯмаш, ин модар аст, дасти рости Худо,
Баҳри ҷони ту, ҷонашро намояд фидо.
Дуюм ҷой, ин ҳамсарат—зани самарвар,
Устуни хона, ёри қобилу ҳам сарвар.
Ба ҷои сеюм, шахси наздик, ба ту хоҳар,
Бояд аз ҳоли ӯ доимо боши бохабар.
Чорумаш ба ту азиз фарзанди духтарӣ,
Аз ту рӯидааст ин кабӯтари гулпарӣ.
Ба ҳар кадоми онҳо ту ҳасти такягоҳ,
Хабардор бош аз ҳамешон карда нигоҳ.
Ту марди мардон бош, ва ҳам марди майдон,
Дар вақти зарурӣ, ҷонатро кун ту қурбон.
Ман Полина ҳам дорам мардони майдон,
Акаю писару шавҳарам, назди ман ҳар он.
20.06.2026
Шаш авҷи дил
Бишнавам нози мақом, аз тан озор меравад,
Дил ба дил ҳамроҳ шуда, ғам ба бозор меравад.
Дам ба дам озори дил, қасти ҷонам рӯ ба рӯ,
Аз мақоми шашмақом, тамбӯр зи тор меравад.
Нолаи най бишнавам, даври саҳар ба ногоҳ,
Дил ба худ такя кунон, хаёл назди ёр меравад.
Сарҳади машшоқ шунид, БУЗРУК шуд тоҷи ҷаман,
ДУГОҲ СЕГОҲро дида, масту хушёр меравад.
РОСТ, ки сабру қаноат, ИРОҚ кони боварӣ,
НАВО гӯшрас шуд ҷунун, сӯи баҳор меравад.
Қувваи авҷи баланд, шавад мастонаи тан,
Ин овоз дар ёни инсон, як ҷо қатор меравад.
Мазлуми халқи маро, авҷу соз кард маҳлиё,
Дойраю тамбӯру най, боз бо дутор меравад.
Бо тафаккур бишнави, созу овоз якҷоя,
Аз нолаи ин мақом, ғусса гулзор меравад.
Ман Полина бишнавам, ҳарфе аз кони мақом,
Ғам гурехта аз танам, як не ҳазор меравад.
26.08.2026
