
ҚУДРАТИ ЗАБОН
Аз даҳонат бохабар бош, эй дӯсту бародар,
Мегӯянд, ки: сухан гуфтан ба ҷон кандан баробар.
Забон—ҳам бол асту ҳам теғ, гапатро дониста зан, Устухон надорад забон, лек шиканад ҷону тан.
Гӯш додан ҳунар аст, бар сухани касу нокас,
Кам сухан гуфта, бо оромӣ гӯш куни бас.
Пеш аз гуфтан андеша кун, баъд деҳ ҷавоб,
Ҳар сухани беҷо, мекунад рӯи туро хароб.
Сухан гар ширин бошад, дилро мекунад шикор,
Аз сухани нек, қалб озод шавад аз чирку ғубор.
Бо сухани неку ширин, роҳи ҷаннатро соз эй ёр,
Забони баду заҳртамъ ба дӯзах мебарад ночор.
Полина бо сухани гавҳарат дар дил нишин,
Некномат то қиёмат монад дар ёди Замин.
02.02.2026
ҚАДРИ ҲАËТ
Бо тафаккур рафтор кунӣ гар дар зиндагӣ,
Бо маъно гузарад ҳар рӯзи гузаштагӣ.
Дарахт кошти имрӯз, мевааш хӯри пагоҳ,
Гузарон аст ҳаёт, мемурем як рӯз ногоҳ.
Нахӯр вақтро беҳуда, бо тӯҳмату адоват,
Ҳаёт тез равон аст, вақтро бидон ғанимат.
Баро аз гилу лой, аз роҳи каҷ ӯстартар.
Аз сангҳои нокасон, зина бисоз баландтар.
Истуқомат дар замин, боз ҳавои хушнафас,
Баҳра бар, ҳар нафас, бо ишқу ҳам бо ҳавас.
Ҳаёт дар дасти мост, ки аз он чи месозем?
Интихоб ҳам аст мост, хоб равем ё рақсбозем.
Фурсатро аз даст мадеҳ, ҳаётро нест ҷовидон.
Вақт, ки гузашт зи фурсат, наояд гашта—бидон.
Хулоса соз Полина, гашта намеои дигар,
Бо чашми бад бингаранд, бо дили нек ту бингар.
12.09.2026
ПАРВОЗИ ПИРӮЗ*
Боз як фоҷиаи драмавӣ содир шуд дирӯз,
Ҳалқи Яҳудӣ шуд боз як бор дар олам пирӯз.
Самолёт аз Дубай сар зад сӯи Бен Гурион,
Саду ҳафтоду чор пасажир буд даруни он.
Халабон* Смит аз дасти шерикаш шуд ярадор,
Хатари марг омад дар он самолёт аз дасти террор.
Қаҳрамонона рафтор кард халқи Яҳуд он гоҳ,
Ин ҳодиса буд фаъолияти террор дар фазои роҳ.
Мусофирони самолёт хестанд барҳазар,
Атмосфераи самолёт шуд пур ваҳму хатар.
Самолёт қариб панҷ километр фаромад паст,
Даруни самолёт бисту ҳафт нафар бача ҳам ҳаст.
Хестанд қаҳрамонона якчанд Яҳуд мардон,
Ба зидди террор ҷанг карданд, аз як гиребон.
Ҳаюн Янив, Пардилов Ор ва Мусаев Шота,
Қаҳрамони нави Исроэл шуданд дар ин “рота”.
Ин фоҷеа ҷаҳонро андохт ба фикру ларза,
Ба ҷаҳон шов-шув шуд, чу навигарӣ, ҳар лаҳза.
Душманком накард Худо, “Дор ба Ҳўмон гашт”.
Саду ҳафтоду чор одам ба хона амон гашт.
Полина ман бандаат эй Парвардигори олам,
Фоҷеаро, ки шунидам, медидӣ ту ин ҳолам.
Пирӯз*—победа
Халабон*—пилот, лёчик
01.10.2026
НАВОИ НАЙ
Нолаи ишқу ситам, най наво созад агар,
Биравад дард зи бадан, най наво созад агар.
Шоми торики маро, хоб ба саҳро меравад,
Хоби хуши оромӣ, най наво созад агар.
Дарду ғуссаи маро, дору даво даркор нест,
Солимӣ ояд ба тан, най наво созад агар.
Зи фишори зиндагӣ, роҳат наояд ба тан,
Роҳатпазир аст ба дил, най наво созад агар.
Пӯшад ҷомаи амал, орзуҳои сад сола,
Файзи умри одамӣ, най наво созад агар.
Сохти инсонӣ магар, аз мусиқа шуд пайдо,
Қалби инсон мустаҳкам, най наво созад агар.
Ман Полина розиям, баҳри наво ҷон диҳам,
Нест шодӣ баҳри танам, най наво созад агар.
02.09.2026