Стихи Полины Хаимовой

АВРОҲОМ ТОЛМАС

Бахшида ба 70 баҳори Абраҳам Толмасов

Имрӯз рӯзи неку рӯзи пурфайзи олам,

Худо мақомро дар ин рӯз сохт ба хаёлам,

Ҳафтод сол пеш таваллуд ёфт машҳур одам,

Авроҳом Толмас ҳафтод сола бо мақом ҳамдам.

Авроҳом калон шуд ба муҳити назму наво,

Овози ӯ имрӯз ба мардум чун обу ҳаво,

Аҳли мардум некиро ба ин Ҳофиз карда раво,

Аз шираи овозаш, чанд бемор ёфтаст даво.

Дастро дар боли дил ниҳода аз дами саҳар,

Табрик намоем Устозро, машшоқи ҳунарвар,

Нест рӯзе, ки бе садои ӯ гузарад магар,

Авроҳоми Толмас, бедард бошед, ҳам бехатар!

Авроҳом Устоз, шумо номи неки ҷамъият,

Ҳастии шумо файзу иқболи башарият,

Базму тӯйҳо шумо ба маркази аҳамият,

Овозатон рамзи дӯстию сулҳу амният!

Баҳоратон бехазон бод ба давру даврон,

Қасри Шашмақомро сохтед шумо бегумон,

Хушовоз бошед ҳамеша то ҳаст ин ҷаҳон,

Шумо тимсоли мустаҳками даври ин замон!

Овозатон бошад доим фораму шунаво,

Ба шумо муҷассам аст мақому ҳам наво,

Танбӯру тору ситор ба дастатон хушсадо,

Ба шумо муносиб тоҷе аз гулшани наво!

Устоз, доим саломат бошед нашавед касал,

Орзуҳои дилатон пӯшанд ҷомаи амал,

Номи шумо вирди забон бо таъми асал,

Шумо байроқи дӯстӣ байни наслу насал!

Устоз, имрӯз расидет ба ҳафтодум баҳор,

Ба бахти фарзандон бинед ҳаёти беозор,

Шогирдонатон чу Полина хеле бисёр,

Ба давраи дӯстӣ бошед бе яктои ағёр*!

ағёр*- соперник

17.10.2026

ТАФТИ ОДАМ

Мақол ҳаст: Тафти адамро мегирад одам»,

Гуфтам ба касе сирри дилу дарду ҳолам.

Паҳн шуд ин сирри дил дарҳол ба олам,

Тафтамро нагирифт, ман акнун ба кӣ нолам.

Ман «пашша» гуфта будам, ту боши сохти «фил»,

Даҳонам во шуду шудам гирифтори сил,

Дастархон карду дароз, чу дарЕи Нил,

Донистам ту дӯст нестӣ, баракс, ту бахил.

Омадам Ерӣ деҳ гӯЕн пусидам наҷот,

Ба заҳр гардониди ку як қисми ҳаЕт,

Фаҳмидам дар кӯча сирри дилам он заҳот,

Задам сар, гуфто кош маро модар намезод.

Хулоса дорам аз кори кардаи забон,

Ягон сирри дилро набарор аз даҳон,

Полина гапро зада шудааст пушаймон,

Сирри дил, аз даҳонам, гӯшрас шуд ба ҷаҳон.

25.09.2026

МАСЛИҲАТИ ЗОҒ

Як қиссаеро ёд орам аз дами саҳар,

Буд на буд мурғи серфарзаде дар як шаҳар.

Ин мурғмодар нияте дошт, ки созад хона,

То ки ба фарзандонаш ин хона шавад лона.

Бо мақсади нек ӯ, хасу хошокро ҷамъ кард,

Зоғе дида ин ҳолат, ба мурғ каме раҳм кард.

“Ин лонаат—гуфт зоғе: мепарад рӯзи шамол”,

Мурғ шунида гапи зоғ, кард корашро завол.

Боз бо мақсади нав, мурғ рафт ба дарёи Нил,

Мехост созад як хона, ӯ овард лою гил.

Кори мурғро аз боло, медид зоғи дигар,

Гуфт ба мурғ:” Ин лонаатро борон кунад тар”.

Мурғи бечора:”чӣ кунам? “гуфто шуд карахт,

Лона созам гӯён, ҷамъ кард ӯ шохи дарахт.

“Ин хонаат бисӯзад аз раъду барқ зи оташ”,

Гуфт зоғи дигаре, муғамбир ҳам саркаш.

Мурғи бечора ба гапи ин зоғ даромад,

Баҳри сангчинӣ, боз ӯ ба кӯҳсор баромад.

Бо сангҳои қӯҳӣ, ният дошт хона созад,

Хости мурғ он буд, ки мустаҳкам лона созад.

Болои кор бо зоғи дигар шуд ӯ рӯ ба рӯ,

Гуфт зоғ: “Ба заминҷумбӣ лонаат равад фурӯ”.

Фурсат гузашту, боз омад фасли зимистон,

Мурғ ночор бо бачаҳояш монд бе хонумон.

Борону барф, ҳаво хунук, шамолу бӯрон,

Бачаҳояш таги қанати мурғ буданд ҳар он.

Мурғ пушаймон шуд, ки гирифт ӯ гапи зоғон,

Ҷойи паноҳ набуд, на ба ҷӯлу на ба боғон.

Бе ҷиз намегӯяд аз қадим бо фахри орӯв*,

Кайвону бисёр шавад, хона монад норӯв.

Полина хулоса кардааст аз ин қисса,

Ба ниятҳои дил, касе надорад ҳисса.

*Орӯв—честь

11.10.2026

БАРДОШИ ДИЛ

Дил бардош надорад ба пастии хиёнат,

Ба қалбаки бебудии ношуд муҳаббат,

Худкушӣ карди, гар ба нодон дил бандӣ,

Танҳои беҳтар аст аз ӯ худро бикандӣ.

Ба як фақир пул фурӯшад туро нодон,

Вақтро ғанимат дон аз ӯ гурез тозон.

Дили касе наранҷон, дониста айбат,

Ин корат бишканад дилро зи ғайбат.

Фиреб надеҳ касеро бо гапҳои бекор,

Ин рафтори ноҷӯя ба дилҳо озор.

Ростиро пеша кун, гарчанде бошад талх,

Дурӯғ гуфтӣ, танҳо монӣ ба роҳи Балх.

Ин хусусият аз бачагӣ гирад шакл,

Фиребгариро дида шакл мегирад ақл.

Фарзандони Полина раванд аз роҳи рост,

Орзуи ман бо Худо, бо ҳамдигар мост.

05.10.2026