
Саволу ҷавоб бо Худо
Хоҳиш дорам, бипурсам,
бо тфилою нолаҳо ман аз Худо:
Бунёд карди барои мо дунёи бевафо! Чаро?
Дунёи пури ғаму ҳам андӯҳу бебақо! Чаро?
Дунёи ҳам фиребу, ҳам найрангу, ҳам беадл! Чаро?
Чаро одами нек надорад қадр дар ин ҷаҳон?
Чаро дар тахт менишинанд нобакорону бадкорон?
Чаро давлат доим равон мешавад ба боён?
Чаро бе пулу бе давлат дар ин дунё камбағалон?
Оқилию доноӣ заҳр ҳастанду нодонӣ–шакар?! Чаро?
Бигӯянд:»Доноиро бифурӯшу, нодониро бихар?! Чаро?
Дар ин дунё об овардаю кӯза шикаста
шуд баробар?! Чаро?
Дунёи мо наркуш шуду, модапарвар?! Чаро?
Чаро гуноҳи падаронро мегирӣ аз фарзандон?
Чаро фарзанмурӣ меорӣ, руҳафтода
мекунӣ модарон?
Чаро роҳату музд на доимо бинанд меҳнаткашон?
Чаро инсони нек мемурад пеш аз нокасон?
Ҷавоб биомад
Бидоди саволҳои зиёде ба Худо!
Ҷавоби пурра ту меёби дар Тӯро!
Биомӯзу бишнав ту хуб аз Гуфтаҳо!
Нашав ту дур аз Даҳта Суханони бебаҳо!
Надонист қадри он Ҷаннат одамизод,
Он кайфу айшу ҳам роҳатро дод барбод!
Бикардам дар Ҷаннат некӣ, нағзӣ, нашуд он кифоя!
Будам дар он ҷо ба одам қуввату ҳимояю ҳам соя!
Бидодам ба одам ман фикру ақлу фаросо,
Ки некукор бишавад, равад аз паи муросо!
Валекин рӯз то рӯз одам бикард гуноҳ!
Давоми роҳаш – Ҷазо гираду доимо бигӯяд:»Оҳ!»
Бидодам панҷ панҷаро ба одам! Накунад фаромӯш!
Накунад «ман-манӣ», ки офаридам
ӯро баъд аз гову муш!
Нашавад ҳаргиз баробар он
панҷ панҷа, бигир дар гӯш!
Ин аст Қонуни асосии зиндагӣ! Накун ту фаромӯш!
То бадро набинӣ, ба нек намони сар!
Ҷаҳони Манро ту бояд биомӯзи беҳтар!
Ту шукр бикун, ки аз шукур шакар зиёда гардад!
Аз ношукрӣ, бидон, ҳам сувора пиёда гардад!
Бихоҳи қадратро бидонанд?
Ҳурматро сар кун аз падар!
Бишавад умри ту дароз, дуо бигир ту аз модар!
Бихоҳи доим шод бигарди? Ту маранҷон одамон!
Бикшо ту дасту дил доим ба ёру наздикон!
Бикунам боз гузашт Ман аз гуноҳи одамон,
То ин ки беҳ бидонанд қадри Худоро дар ҷаҳон!
Худои сулхпарастаму бикунам осоишу раҳм!
Инсон!!! Қадри Худою зиндагиро ту бифаҳм!
Сад шукр бигӯяд Рафоэл дар шеъри худ ба он Худо!
Ки дод қуввату ақлу ҳам имконият ба мо:
Тасдиқ кунем мазмуни он Асари Бунёдкори Бебаҳо!
Нест бод гуноҳ! Бишавад зинда бод Номи Худо!