THE BUKHARIAN TIMES

Хонандагони азиз, дар мақолаи мазкур, ман хоҳише дорам Шуморо бо якчанд жанрҳои насри бадеии тоҷикону яҳудиёни бухороиамон шинос кунам. Латифа, яъне шӯхӣ, мутоиба, сухани бозарофат, сухане, ки дорои мазмуни амиқ ва нозук аст, дар фолклор ва адабиёти хаттии тоҷикону яҳудиёни бухороӣ аз қадим, чун жанри мустақил ва маъмули насри бадеӣ вуҷуд дошт ва ҳоло низ дар авҷи инкишоф мебошад. Дар латифа ҳодисаҳои муайян не, балки як лаҳзаи хурд, воқеаи мухтасар ишора меёбад. Яъне, латифа танҳо як лаҳзаро дарбар гирифта, дар он инкишофи воқеа ва характеристикаи қаҳрамонон дида намешавад.

Латифа, ин ҳам аксараи бе муқаддимаву хотима ва бе тайёрии махсус, яъне ба тарзи импровизация (ҳикояи ҳозира худаш бофта шуда), гуфта дода мешавад. Дар байни мардуми мо ҳикояҳои кӯтоҳе ҳастанд, ки ширину латиф ва ҳаҷвомез буда, дар ҳар як нишасту махфил, маъракаҳо, баъзан кӯчаву бозор ва дигар ҷойҳо, байни дӯстону ҳамкорон, барои хушҳол намудани табъу хотир, гуфтаву шунида мешаванд. Ин ҳикояи хурдҳаҷми эпикиро латифа меноманд, ки дар шароити имрӯза яке аз жанрҳои дигари насри шифоҳӣ, масалан, афсонаву корбурди бештаре дорад.

Дар латифа қариб ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёт ва воқеаҳои рӯзгор, ба тарзи бадеӣ ва бо оҳанги ҳаҷвомез, инъикос меёбанд. Ҳатто, хурдтарин ҷузъиёте, ки дар зиндагии мардум аҳамияту арзише дорад, ё худ лавҳаву лаҳзаҳои гуногуне, ки дар муносибати ҳаррӯзаи одамон мушоҳида мешаванд, ҳис кунонида мешаванд, дӯстон. Қаҳрамонони асосии латифаҳои халқамон, масалан, “мулло Пинхос”, ё ин ки “мулло Аҳарон” ва ҳоказо мебошанд. Қаҳрамонони латифаҳои тоҷикон бошанд, 

Насриддин Афандӣ, ё ин ки Мушфиқӣ мебошанд. Дар ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, дар давраҳои солҳои навадӯми асри бистӯм, Худораҳматӣ мулло Исҳоқ Ягудоев, яке аз устодони ин жанри бадеии латифаю аскиягӯӣ буданд. Дар баромадҳои оммавии ҳаҷвии он кас, залҳои консертии Эрес Исроэл, ё ин ки Америкаю Австрияю дигар мамлакатҳо, пур мешуданд. Халқамон дар он баромадҳои ҳаҷвиашон, аз аввал то охир, хандаю шукуфон мекарданд. Имрӯз бошад, илоҳо Худо умрашонро дароз кунад, Хаю Ронен Довидовҳо, Шимъон Пӯлотов, Этиҷон Элазароваю дигарон, дар ин жанр устодони беҳамто мебошанд.

Он қаҳрамонони латифаҳои халқҳои Осиёи Миёна, ва алалхусус яҳудиёни бухороӣ, бо рафторҳои хандаовару зарофатҳои намакию камбудиҳои фардӣ ва иҷтимоиро танқид карда, мардумро шоду хурсанд ва ба зиндагӣ дилгармӣ менамоянд. Дар рафти латифагӯию аскиягӯӣ, сиффатҳои баланди он қаҳрамонони гӯянда, чун мисли зиракию сухандонӣ, ҳозирҷавобӣ, инчунин хулқу хисоли манфӣ, аз ҷумлаи танбалию муфтхӯрӣ, мардумозорӣ ва соддагию ҷоҳилии баъзе инсонҳо мундариҷаи латифаҳоро фаро гирифтанд.

Латифа аз он жанрҳоест, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ, ба вуҷуд меояд. Яъне, ҳар ҳодисаи дар рӯзгор рӯйдиҳанда, зуд ба интиқод, ҳазлу шӯхӣ ва вокуниши мардум дучор гашта, дар шакли бадеӣ ва устувор, яъне латифа, ҷамъбаст мешаванд. Дар бораи шахсони маъруф, санъаткорон, сиёсатмадорон, сарватмандон ва табақаҳои дигари иҷтимоӣ, имрӯзҳо намунаҳои нав ба нави латифаҳо эҷод ва паҳн мешаванд, ки аз зиндаву фаъол будани ин жанр гувоҳӣ медиҳанд. Бояд қайд кард, ки дар нашриётҳои матбуоти имрӯза, чӣ ба забони русӣ ва чӣ ба забони яҳудиёни бухороӣ, ҳар ҳафта ба табъ мерасанд, ки баъзеи онҳо намунаҳои мардумию фолклорӣ буда, қисми дигарашон бошанд, соҳибмуаллифанд.

Дӯстони азиз, барои аъзоёни ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, ман якчанд латифаҳою аскияҳои паҳншударо меорам. Ин латифаҳоро халқамон, бешубҳа, бо лаҳҷаю гуфтори ҳаррӯзаи кӯчагии ҳамдиёронамон инъикос ёфтанд. Ман борҳои зиёде ба хонандагонамон гуфта дода будам, ки дар айёми гуфтугӯи кӯчагию бозорӣ, тамоми лаҳҷаҳои паҳншуда истифода бурда шуданашон мумкин аст. Вале, дар вақте, ки инсон мақоланависӣ намояд, ё ин ки мактуб навиштанӣ бошад, бояд хаттнависии адабиро истифода бурд.

Латифаҳо:

(Бо лаҳҷаи бозории яҳудиёни бухороӣ)

1. “Сорах, бовар кун, ҷонакам! Баъд аз ришама тарошида гирифтан, ман худама, ҳеҷ набошад, 10 сол ёштар ҳис мекунам?!”

“Дади Пинхос, инхел бошад, ҳамон ришатона ҳар шаб, пеш аз хоб, метарошидед, чӣ мешуд?!”

“Ба доғ сӯзам ту Сорахи нимдоша! Дилат ба савзихӯрӣ омаде чӣ?!”

2. Шумели фарбеҳ ба пеши дӯхтури диетолог меравад.

“Дӯхтурҷон, чӣ кор кунам, ки камтар хароб шавам?”

“Хӯроквориҳоя камтар хӯред, дия. Мурғ хӯрданӣ бошед, фақат аз ҷои сафедаш камтар хӯред. Камтар гречкаю биринҷ, камтар кову…”

“Мебахшед, дӯхтурҷон, ман ин хӯроквориҳои гуфтагиатона пеш аз авқот хӯрам мӣ, ё ин ки баъд аз авқот?!”

3. “Аҳаронҷон, агар, Худо хоҳад, подшоҳ Мӯшияхамон биёяд, ман аз он кас илтимос мекунам, ки почаи чӯлоқата соғ кунад!”

“Ҳӯй, Пинхос, ба пеши ман ягон касро нафиристон, ки ман аз Битуах Леумӣ, барои чӯлоқ буданам, ҳар моҳ пул мегирам?! Фаҳмидӣ, девона?”

4. “Дина шаб, дар тӯйи Абохиё Устоев, Авроҳом Толмасов, бо якта гитара, чорсад каса девона кард!”

“ Ҳа, ман мегум? Девонахонаҳо пур шуданд?! Бохабар шов, Пинхос, кӯчаҳо аз девонаҳо пур шуданд. Бо туя гирифта назананд?!”

5. “Ёсеф, бинета ин тараф гир! Ман одамҳоя бинам?!”

“???”

6. “ Пинхос, балои бачета гирам, дина як ҷола борид?! Ҳар яктеш, худи тарбуз борин?!”

“ Тарбуз борин агар мешуд, гузари Шапирая ба замин яксон мекард?! Япче камтар кун, Юхой?!”

“Хай, ҳар як ҷола, шафтолу барин буд!”

“Агар ҳар як ҷола худи шафтолу борин мешуд, калета дубӯлак мекард?!”

“ Сарам ба дард даромад, Пинхос?! Хай, монанди гелос будагист?!”

“ Э, Худоба шукр! Аз тарбуз ба гелос омадем?!”

7. Мурғи мокиён аз хурӯс гурехта истодааст.

“Иби, мани девоная ба доғ сӯзетон?! Имрӯз хурӯсамон, чтӯ шуда, димоғашон чоқ, аз қафои ман давида истодаанд. Ба фикрам, ба ман ягон гап доранд?! Мани девона бошам, аз хурӯсамон гурехта истодаам?! Бахтама гардам?!”

8. “ Миерхай, туя ах ҷои корат пеш карданд ми?”

“Ҳа, ман аллакай 5 моҳ аз Битуах Леумӣ, барои бекор будагиам пули “автала” мегирам!

“Ин пул ба тую оилаат мерасад мӣ?”

“Парво накун! Ман ҳар шаб юшвоҳои яҳудиёни бухороиамонро мегузаронам. Аз 700 шекел кам, барои хизматам намегирам?!”

9. “Абиғай, ҳой Абиғай! Пеши рестарони “Армонот Мазал” газетаи “Менора” овардин. Ба шумо ҳам гирам? Иби, умрат дароз шавад! Ба ман даҳ-понздаҳ газетаҳо гирифта биёр, бедард шавӣ! Ман кам бачаҳою навераҳо дорам?”

“Абиғай, ҳар як газетая 2 шекел гуфсоде, майлаш?”

“Иби, дафъ кун ин газетаҳоя! Кай ман вақт дорам газет хонам. Кори шаботам ҷудо ҳам бисёр!”

Илоҳо, умри тамоми хонандагони газетаамон ба хушу хурсандӣ гузапрад, хонандагони азиз! Шоду хуррам бошетон, дӯстон.”Омен!

РАФОЭЛ БАНГИЕВ / Тел-Авив. Эрес Исроэл