THE BUKHARIAN TIMES

Ба хотир овардам ман як ривоят,

Дарси ҳаётӣ шуд ба ман ин ҳикоят.

Буд на буд дар чамани илм як муаллим,

Аз адабиёту забон медод ў таълим.

Як рӯз иншо навистаанд талабагон,

Муаллим тафтиш кард иншоро он замон.

Баъди тафтиш, баҳо гузошт ба ҳар дафтар,

Дафтарҳоро ба соҳибонаш дод як сар.

Талабае дид ки иншоаш бе хато,

Аммо муаллимаш мондаст буд чор баҳо.

Аз муаллим пурсид, бо ҷаҳл болои кор,

“Барои чи ба иншоям мондает чор?”

Муаллим ҷавоб дод он гоҳ бо амният,

“Хатои грамматикӣ нест ба ин дастхат.

Ба ҷумлабандӣ ҳаст хатои устуворӣ,

Ҳамин сабаб баҳоят чор ин соли ҷорӣ”!

Гуфт талаба—”Баҳри ман баҳои чор кам,

Вазифа диҳед, баҳоямро такмин* диҳам”.

Муаллим гуфт—”Аъло баҳо хоҳи фақат,

Пагоҳ биёр як халтача хоки ҷаннат”.

Субҳи рӯзи нав ба мактаб омад талаба,

Ба даст халтаи хок, бо ҳиссёти ғалаба!

“Аз куҷо гирифти хокро”—пурсид устоз,

“Модарам болои хок роҳ рафту халос.

Мегуфтед ба таърифи модар ҳар сафар,

Хоки пои модар, ба ҷаннат баробар”!

Муаллим хандиду гуфт—”Ту бача не бало,

Аз имрӯз сар карда баҳои ту аъло”.

Фаҳмидам ман дирӯз ибратбахш як ривоят,

Имрӯз ба шумо ҳикоя кунам ниҳоят.

Буд на буд як султоне—ҳукмрони салтанат,

Чил сол ба тоҷу тахт шуд подшоҳи адолат.

Ин подшоҳ росгӯй буду садоқатнок шоҳ,

Ба сокинони мамлакат эҳсон 

мекард ҳар моҳ.

Чу донишманди таронаҳои шашмақом,

Ташриф мекард ў машшоқони қоилмақом.

Пир шуд ин подшоҳ мехост кунад васият,

Вазиру қозиёнро ташриф кард бо амният.

“Рӯзи вафотам биёред мақомхони машшоқ,

Ва ҳамон рӯз зоидашуда чил чақалоқ.

Чақолоқон гиря кунанд ҳамма баробар,

Он гоҳ машшоқ мақом хонад ба ин навобар.

Ба овози мақом ҷақалоқе шавад ором,

Шоҳ шавад ҳамон бача, ба ҷои ман, тамом!”

Ҳукм баровард шоҳ суханашро карда такрор,

“Дар салтанат амонӣ шавад барқарор!

Иҷрочии шашмақом бо шунавои аъло,

Шунавон шуда, мекунад пешгири бало.”

Ин ривоят қисса асту ё, ки ҳикоя,

Шоҳ мехост, ки сарҳад бошад бо ҳимоя.

Ин ривоятро хонд Полина бо таъаҷҷуб,

Наход, ки аз мақомчи барояд шоҳи хуб?

26.01.2025

Номусу шараф аз обрӯй диҳанд далолат,

Обрӯй нарезад назди Худои адолат.

Бе давъати мезбон, асло меҳмон машав,

Аз дастурхонаш хӯрда пушаймон машав.

Аз душман неъматеро мунтазир машав,

Ба гапи нодониаш, ту пазир машав.*

Гӯш надеҳ ба сӯҳбату сири ду одам,

Касе пай барад гар, шави расвои олам.

Агар нахоҳанд аз ту шунидан калом,

Ба онҳо сухан ҳайф аст, ғайри салом.

Дӯст машав бо одамони ношоиста,

Аз наздики ӯ дур рав, секин оҳиста.

Эй Полина ту қадру қимататро бидон,

Аз Худо пурс доим номи неки ҷовидон!

Пазир машав*- не принимать

Имрӯз месанҷем бахти туро –эй бародар,

Бидон, ки ин ҳаёт, ба тиллю зар баробар.

Ошиён дошта боши, болои сарат бом,

Ба кулбаат хоб рафта, боз мепази таом.

Шикамат сер, ки хӯрок хӯрдаи ту имрӯз,

Бигузор ҳар рӯз гузарат бо серӣ—ферӯз.

Дилат беғубор бошад ба ҳама меҳрубон,

Гар фурун ҳам бошад сари ту аз дигарон.

Ба дигарон некиро менамои орзу,

Худои олам ҳам дорад сангу тарозу.

Баҳри нӯшок дори оби беғубору тоза,

Бар тани саломат нӯши ту коса—коса.

Бидон, касе бораи ту кунад ғамхорӣ,

Аввало давлат ҳаст бар сари халқи бухорӣ.

Истуқамат равнақ ёбад бо иштадаллут,

Фарзандону набераҳо шаванд таваллуд.

Куртаат тоза, гарчанде бошад аз карвос,

Пӯши он курта, бар тани сиҳату алмос.

Орзу дори дар дил, карда умеди бисёр,

Ҷомаи амал пӯшад орзуҳо беэхтиёр.

Аз ҳаво баҳраманд шави гирифта нафас,

Одамон ҳастанд ба ин ҳол намоянд ҳавас.

Хулоса кард Полина, ҳаётро карда таъриф,

Шукри Худоро— ҳаррӯза намоем ташриф!

12.04.2025

Полина Хаимова / Шоира, Исроэл