THE BUKHARIAN TIMES

“Мисвоҳои Маро иҷро кунетон!”- фармони Бузургвори олам

Яке аз мисвоҳои решавии яҳудиён, ин ҳам брит мило мебошад!

Авроҳом-Овену дар муддати солҳои зиёде хизматҳои шоёну шоистаи Бузургвори оламро карда истода, рӯзе аз Худои азизамон мепурсаду зора мекунад: “Эй, Парвардигору Офаридгори олам, чӣ хизмате, ки Ту ба ман фармудию аз ман талаб кардӣ, аз самими қалбу ҷонам ман иҷро намудам. Худамро аз падару модару авлоду аҷдодам ҷудо кардам. Аз хонаю манзили зодгоҳам решакан намудам. Худатро, эй Адӯной, шинохтам ва ба Худат ихлос бастам. О наход ки то ҳануз ман сазовори он писари Исҳоқ, ки Худат ба ман ваъда дода будӣ, нагаштам, Худоё?”

“Эй, Авроҳом, оё ба ту маълум мебошад, ки ҳар ҳарфи он калимаи “Исҳоқ”, яъне писари ояндаат, ин ҳам имову ишорате, ки бахту қисмати ояндаи худату тамоми халқатро фош карда медиҳанд, мебошанд? Агар ту ба ин қисмате, ки Ман барои ту пешниҳод намудам, розӣ бошӣ, ҳозира худаш ба ту мазмуни он номро фош карда медиҳам, эй Авроҳом! Калимаи “Исҳоқ”, ба забони ивритӣ, аз ҳарфҳои “Йӯд” (даҳ), “Цадик” (навад), “Хэт” (ҳашт) ва ҳам “Куф” (сад) иборат мебошад. Ҳақиқатан ҳам, ҳарфи “Йӯд”, баробари даҳ буда, ба ту ошкор мекунад, ки Ман туро аз даҳ санҷишҳои ҷудо ҳам мурракабу сахт мегузаронам, то ин ки ихлосату бовариат ба Ман боқувват будагиаш, исбот шавад. Ҳарфи ивритии “Цадик”, баробари навад буда, ба ту ишора медиҳад, ки ҳамсарат Соро дар синни навад даромада, он писаратонро мезояд! Ҳарфи ивритии “Хэт”, баробари ҳашт буда, ба ту фош мекунад, ки дар рӯзи ҳаштӯми ин чақалоқ, ту бояд ин писарчаатро брит-мило карда, ба Ман наздик кунонӣ! Ҳарфи ивритии “Куф” бошад, ки баробари сад мебошад, ба ту гуфта медиҳад, ки ту, Авроҳом, болишти мисвои ин писаратро фақат дар синни садсолагиат ба дастат мегирӣ!”

Ҳақиқатан ҳам, аз он рӯз сар карда, тамоми яҳудиён, дар рӯзи ҳаштӯми таваллуд шудани писарҳояшон, онҳоро, бо воситаи брит-мило, ба Худо наздик мекунанду таалуқ ҳам мекунонанд, дӯстон! “Мана акнун Шумоён, ҳақиқатан ҳам, яҳудиёни мукаммал мебошетон!” – мегӯяд ба ин гап Худо. Ин ҳам сабабе мебошад, ки яҳудиён ин мисвои якӯминтарини Худофармударо аз насл ба насл гузаронида, бо шодию хурсандиҳо давом медиҳанд. Бузургвори олам ба мо фармон дод, ки ин мисворо яҳудиён бо дастони худашон иҷро кунанд ва он тану баданашонро ба дараҷаи мукаммал худашон расонанд, дӯстон!

Бояд донист, ки ин мисвои якӯминтарине, ки моён, мувофиқи хоҳишу фармони Худо, ба ҷо меорем, ҳамаамонро ба худи Бузургвори олам абадӣ пайванд мекунонад. Мазмуни асосии калимаи ивритии “Брит” ин ҳам “Иттифоқ”мобайни яҳудиёну худи Худо мебошад, хонандагони азиз. Маънои бузургу чуқури ин мисворо он чақалоқҳои ҳаштрӯзаамон, ҳатто, намедонанд. Ва лекин, дар оянда бошад, худи он писаронамон, калон шудаю ба воя ҳам расида, тамоми мисвоҳои мондагии Худофармударо, худашон ба ҷо меоранд. Аҳамият диҳетон, дӯстон, ки тамоми мисвоҳоро, ғайр аз мисвои брит-мило, яҳудиён аз тану баданашон дур истодаю ҷудо истода, иҷро мекунанд. Фақат он мисвои брит мило ба тану бадани яҳудиён дахл дорад.

Рӯзе Шаламӯ Ҳамелех, ба миқво даромада, оббозӣ мекунад. Ба кайфу сафои оби форам баҳровар гашта, ин подшоҳ вақти бисёрашро сарф мекунонад. Ба ногаҳон, ба худ омада, Шаламӯ Ҳамелех афсӯс мехӯрад, ки аз иҷро намудани тамоми дигару дигарон мисвоҳо, барои оббозӣ шуда, худашро дур кунонид. Вале, сонитар, худаш ба худаш, ин инсони пурдону оқил гуфт: “Чаро ман хавотир шуда истодаам? О мисвои решавию асосии брит-милоро ман бо тану бадани лублуч қабул карда будам ку?”

Бояд донист, ҳамдиёрони азизу ба ҷону дил баробар, ки тамоми мисвоҳоро ва, алалхусус брит-милоро, яҳудиён шодикунон қабул менамоянд. Барои ҳамин ҳам, онҳо “Сеъудат Ҳавраа”, яъне мисвосеъудо, бо хушу хурсандиҳою меҳмоннавозиҳою мусиқию дойраҳою карнайҳо, мегузаронанд. Як далели муҳимро бояд гуфт, ки агар, маводо, барои сандоқгирӣ, ягон инсони лоиқанда ёфт нашавад, худи падари он писарбача, сазовори он сандоқгирӣ шуда метавонад. Ин ҳам мувофиқи ҳалахою қонуну қоидаҳои Тӯро мебошад, дӯстон! Яъне, худи он падар, дар айёми маросими брит-мило, почаҳои он писарчаашро дуруст нигоҳ дашта, ба моъл ёрии амалии худашро мерасонад! Ин ҳам сазоворгардию шарофмандӣ мебошад!

Дар охири мақола бояд қайд кард, ки ба забони ивритӣ доимо мегӯянд: “Асита брит, асита ҳакол!”, яъне мисвои брит-милоро ба ҷо овардӣ, яъне тамоми мисвоҳоро иҷро намудӣ!” “Дарахт бе шамол намеҷумбад!” – мегӯянд. Калимаи ивритии “Брит-мило” аз ҳарфҳои “Бэт” (ду), “Рейш” (дусад), “Йӯд” (даҳ) ва ҳам “Тав” (чорсад) иборат буда, ҷамъ миқдори шашсаду дувоздаҳро ба моён медиҳад. Ин ҳам миқдори тамоми мисвоҳои Худофармуда, ғайр аз яке аз мисвоҳои асосии брит-мило, мебошанд. Агар миқдори бо он як мисвои Худофармудаи “Брит-мило” ба шашсаду дувоздаҳ мисвоҳо пайваст кунем, он фармоиши Бузургвори оламро ба ҷо меорем: “Таръяг Мисвот”, яъне шашсаду сездаҳ мисвоҳои Худофармуда мешаванд.

Илоҳо, Худои азизамон, он мисвоҳои яҳудиёнро ба инобат гирифта, аз гуноҳҳои ҳамаамон гузарад ва бозу боз бо нигоҳи некаш моро сазовори ғалабаю пешравиҳо намояд! Омен ва омен!


Ба сарвари Исроэл!

Қадаҳи подшоҳӣ ба даст орӣ,
Қудрату тахту ҳам қувват дорӣ,
Бидод Худо ба ту тавоноӣ,
Қадаҳро каҷ дору марез!

Давру даврон бирон, ту ҳақ дорӣ,
Кайфу сафо бикун, ту майл дорӣ,
Дастро ба халқ бикшо, ту хайр дорӣ,
Қадаҳро каҷ дору марез!

Фарқе бикун байни дӯстон, ту ақл дорӣ,
Нонианд, забонианду ҷонӣ, ту чашм дорӣ,
Дӯстӣ макун бо нокасон, ту хавф дорӣ,
Қадаҳро каҷ дору марез!

Гуноҳ макун, рӯзе пурғам гардӣ,
Даруни об даро, шилтиқу тар гардӣ,
Кафан кисса надорад, бохабар гардӣ,
Қадаҳро каҷ дору марез!

Дуои халқ доштӣ, ту пеш рафтӣ,
Кӯрнамакӣ макун, ту биафтӣ,
Ба чаҳ ту туф макун, боз об бинӯшӣ,
Қадаҳро каҷ дору марез!

Бишав боандеша, халқ ёрат бод,
Некукорӣ бикун, шавӣ обод,
Нагардон рӯ аз нон, бигӯӣ дод,
Қадаҳро каҷ дору марез!

Рафоэл Бангиев


Шир ле Адонай

Авину, Адонай!
О Бог вселенной!
Худованди меҳрубон!

Ани оҳев отха меод!
Тебе я благодарен!
Бигӯям доим шукурон!

Ба хол тфила!
В молитве каждой!
Дар ҳар намозу оҳ ба Худоҷон!

Ба хол сафа!
На разных языках!
Истифода бибурда ҳар забон!

Моде аль Эрец Кнаан!
За Ханаанскую Долину!
Замини муқаддаси падарон!

Асерета Диврот!
За Десять Заповедей!
Барои Даҳта Суханон!

Моде гам аль Тора!
Благодарю за Тору!
Тӯро асос шуд ба моён!

Моде аль Геула!
Я благодарен за Свободу!
Бидоди Озодӣ Ту ба моён!

Шаарей бина, хухма вэ парнаса!
За светлый ум долю!
Барои фикру роҳи чароғон!

Шаарей мазаль вэ ацлаха!
За достижения во всём!
Барои мартабаамон, эй Худоҷон!

Сомхим Алейха, Адонай!
В тебе надежда наша!
Ҳамроҳамон бибошӣ, Худоҷон!

Тишмор алейну, Адонай!
Храни нас от невзгод!
Нигаҳ бидор, Парвардигор, яҳудиён!

АВТОР: Рафоэл Бангиев Тел-Авив. Эрес Исроэл