THE BUKHARIAN TIMES

Биҳишт онҷоест, ки озоре набошад, касеро ба касе коре набошад!

Хонандагони азиз, дар олами имрӯзаамон, сад афсӯс, ки дар оилаҳои ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, қатъи назар ба синну солашон, нооромиҳою беадолатиҳо, баҳсу мубоҳисаҳои ҳаррӯза мобайни занҳою шавҳарон, барои норасоиҳои иқтисодӣ ва маънавӣ, нафаҳмидани якдигар дар масъалаҳои ҳуқуқи оилавии ҳамсарону шавҳарон ва ғайрае, ки ҳатто, ба ҷудоӣ мобайнашон оварда мерасонанд, ҷой доранд. Дар мақолаи мазкур ман кӯшиш мекунам, ки Шумо, дӯстонам, ба чӣ будани он ҳуқуқи оилавӣ нағз шинос шаветон. Дар оянда ин гапҳо барои ҳамаамон даркор мешаванд.

Бояд донист, ки ҳуқуқи оилавӣ, ин ҳам маҷмӯи меъёрҳои шахсӣ ва молумулкие, ки бо сабаби никоҳ, таввалуди кӯдак, фарзандхонӣ, хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани кӯдак байни шаҳрвандон, шаҳрвандону шахсони юридикӣ, шаҳрвандону давлат пайдо мешаванд, танзим менамояд. Вазифаи асосии ҳуқуқи оилавӣ аз ҳалли масъалаҳои зерин иборат аст:

1. Мустаҳкам кардани оила, ки ба принсипҳои ахлоқии ҷамъият асос ёфтааст.

2. Дар асоси иттифоқи ихтиёрии никоҳи зану мард, ҳиссиёти аз ғаразҳои моддӣ, озодӣ, муҳаббати якдигар, дӯстӣ ва эҳтироми тарафайни ҳама аъзои оила.

3. Ҳамаҷониба муҳофизат намудани манфиати модару кӯдак ва таъмини ҳаёти хушбахтонаи ҳар як кӯдак. Дар муносибатҳои оилавӣ қатъиян барҳам додани урфу одат ва расму оинҳои зараноки (!)замони гузашта!

4. Парваридани эҳсоси баланди маъсулият дар назди оила.

Моҳияти ин вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ мақсади сиёсати давлатро, оид ба ғамхорӣ дар ҳаққи инсон, дар бораи саодатмандӣ ва хушбахтии ӯ, ифода менамояд. Ҳуқуқи оилавӣ, мисли дигар соҳаҳои ҳуқуқ, предмети худро дорад. Ин ҳам, маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки дар натиҷаи бастан ё бекор кардани никоҳ, таввалуди кӯдак, хешӣ, фарзандхонӣ тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд. Ин муносибатҳо хислати хоси худро доранд ва онҳо имконият медиҳанд, ки муносибатҳои ҳуқуқӣ фарқ кунанд, аз ҷумла аз муносибатҳои ҳуқуқӣ гражданӣ. Масалан, субъекти ҳуқуқи оилавӣ танҳо шаҳрвандоне, ки доираи онҳоро қонун муаян кардаст (ҳамсарон, падару модарон, фарзандон, фарзандхондагон, парасторону васиёт ва ғайра) шуда метавонанд.

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ доимо характери ҷиддӣ, индивидуалӣ, ивазшаванда доранд. Ғайр аз ин, муносибати байни субъектҳои ҳуқуқи оилавӣ бардавом ва эътимоднок мебошанд. Хешу таборони марду шавҳарон бояд ҳуқуқҳои шахсии ҳамсаронро иззату ҳурмат кунанду ба инобат гиранд. Ин ҳам, ҳалли фасли якҷоя масъалаҳои ҳаёти оилавӣ, интихоби озодонаи машғулият, касб ва ҷои истиқомат, розигӣ додан ба фарзандхонӣ, ҳалли масъалаҳои бекоркунии никоҳ ва ғайра мебошанд. Оила ва ҳаёти оилавӣ, барои ҳар як одам мазмуни махсус дорад. Мо дар оила ба камол мерасем, тарбия меёбем, меъёрҳои маънавиро аз бар мекунем, обутоби ҳаётӣ мегирем. Оила барпо кардан, ин ҳам вокеаест ҳаяҷонбахш, вале фаромӯшнашаванда. Оила аз ҷониби ҳар ду тараф (мард ва зан) масъулияти баландеро мекунад. Моён, ки дар давлату ҷамъияти инсонӣ ва на вахшӣ, зисту зиндагонӣ мекунем, бояду шояд бо принсипҳои ҳуқуқи оилавӣ нағз шинос бошем, дӯстон!

Биҳишт онҷоест, ки озоре набошад, касеро ба касе коре набошад!

1. Баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар муносибатҳои оилавӣ, сарфи назар муносибаташон ба дину диёнат.

2. Баробарҳуқуқии зану мард дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ.

3. Озодона ва ихтиёрӣ бастани аҳди никоҳ.

4. Якканикоҳӣ, яъне моногамӣ.

5. Муҳофизат кардан ва ҳавасманд гардонидани модарӣ.

6. Тарбияи фарзандон ва таъмини онҳо!

7. Ҳамдами моддӣ ва маънавӣ, ғамхории ҳамдигарии аъзоёни оила.

8. Дар зери назорати давлат ва нафақат идораҳои динӣ, озодона бекор кардани никоҳ.

Ман ҳазорҳо маротиба ба номи Худо шукр мегӯям, ки аъзои ҷамоати яҳудиёни бухороӣ мебошам, дӯстон. Моён дар Эрес Исроэл бо роҳи Худопарварӣ рафта истодаем. Дар ин роҳи нек моён пурра ба қонунҳои Тӯрою гуфтаҳои падару бобоёнамон дар китоби муқаддасамон “Пиркей Авот” асос гирифта, ҳатто, имрӯз, қисмамон либоси харедимро мепӯшем, вале ҳамаамон аз одамгарию инсонгарӣ, вафодорию меҳмоннавозӣ, иззату ҳурматамон нисбат ба калонсолон, кору меҳнат дар идораҳою корхонаҳо намудану оилаҳоямонро бо хӯроку нӯшонию пӯшок таъмин намудан, дур намекунем, дӯстон! Бо ин далел ман шахсан доимо фахр карда мегардам.

Ҳақиқатан ҳам, дар урфият беҳуда намегӯянд, ки “Каҷ дору марез!”, ё ин ки “Бе меҳнат накуни ту роҳат!”, ё ин ки “Ҳама чизеро мувофиқи миқдораш!”, дӯстон! Ман шахсан, якчанд оилаҳои яҳудиёни исроэлии дигар ҷамоатҳоро мешиносам, ки ба дину диёнат худашонро наздик кунонида, бекору бехонаю беҷой, дар ба дару хок бар сар, гадоӣ карда мегарданд, сад афсӯс! Дар ҳаққи ин гуна одамон шоир мегӯяд:

“Дидам писаре,

ки дилрабоӣ мекард,

Аз давлати ҳусн подшоҳӣ

мекард!

Як рӯзи дигар бидидам

андар бозор,

Худ риш бароварда,

гадоӣ мекард!”

Дар урфият падару бобоёнамон доимо такрор мекунанд, ки “Аз одами бекор, Худованд ҳам безор!” Он динпарастон, дар айёми қудушу никоҳ, ҳатто, дар “Кутвои арӯсин”, ба пеши ҳоровҳою тамоми мардум ва ҳам бар пеши назари худи Худовандамон, имзои худашонро мемонанду ӯҳдадор мешаванд, ки он оилаи ҷавонашонро доимо бо тамоми чизҳои зарурияти иқтисодӣ, таъмин мекунанд. Вале, дар амал бошад, он домодҳои дурӯя, аз ғазаби Худо ҳам натарсида, оилаҳои худашонро ба пастравиҳою харобӣ ва ҳам аҳволи вазнини иҷтимоӣ оварда мерасонанд.

Ҳамсарони онҳо кор мекунанду онҳо бошанд, чун мардҳои яҳудиёни бухороиамон, кор намекунанду халос! “Вазифаи моён, ин ҳам, фарзандофарӣ мебошад! Худо худаш бояд он фарзандонамонро хӯронаду пӯшонад!” – мегӯянд онҳо. Барои ҳамин ҳам дар ин гуна оилаҳо имрӯз ҷудоӣ мобайни занҳои шавҳарҳо бисёр ҷой дорад! Илоҳо, Худовандо тамоми халқи интихобкардаашро тӯвфиқ диҳад, то ин ки бо роҳи дурусту тӯғрии Бузургвори олам рафта, оилаҳояшонро ба сафедбахтию хушбахтӣ ва ҳам нуронурӣ сазовор бигардонанд! Йиҳи рацон вэ номар “Омен вэ омен!”


АВТОР: Рафоэл Бангиев Тел-Авив. Эрес Исроэл