
Фарёди шер
Боз шаботи сияҳ омад ба сари яҳудён,
Тинҷи надод терористи хунхӯр аз Эрон,
То ба кай бо воҳимаю ҳарос мегардем моён,
Бароварданд сар, Амрико—Исроэлзи гиребон.
Фоида нест мулоқот бо инсони но одам,
Кош бе ҷангу ҷадал тинҷ шавад тамоми олам?
Наҷод деҳ, Худоҷон, маълум аст ба ту ҳолам,
Ба номи он Парвардигор ҳар рӯз менолам.
Несту нобуд шавад аз замин номи террор,
Замин ҳосилхез шаваду осмон беғубор,
Хотирамо нотинҷу, тапиши дил беқарор,
Кай роҳбари давлат, аз тинҷи медиҳад қарор?
Имрӯз бисту ҳаштӯми феврал, пагоҳ боз баҳор,
Аз саҳар сар шуд, воҳимадор овози ҳушдор*,
Аз фазои муҳофизатшуда* набаромадем зинҳор,
Гӯш мондем ба хабари шабака*, шуда интизор.
Эй Худоҷон, раҳм хӯр, халқамро карди интихоб,
Полина бо фикри фардо, зи ғам ҳоли ӯ хароб,
Тинҷиро барқарор кун, моёнро монда ба хоб,
Бо баҳорий кайфият, баҳра барем аз офтоб.
Фазои муҳофизатшуда*— миклат—бомбоубежеше
Ҳушдор* —тревога
Шабака * —сеть
10.03.2026
Шоҳин Шерозӣ
Асосгузори адабиёти яҳудӣ – форсӣ,
Чу Рӯдакию Ҷомӣ, Навоию Фирдавсӣ,
Ба таърих нишон гузошт, шоир Шоҳин Шерозӣ,
Аз Тӯро ба моён мондааст китобҳои дарси.
Дар асри чордаҳ ҳаёт карда Шерозӣ Мавлон,
Таваллуд ёфт ў ба ҷануби ғарбии Эрон,
Ба тарзи назм нависта Танаху Тӯрои моён,
Мерос монда рафт, ба форсу бухороӣ забон.
Асарҳояш, чу Муса номаю Эзра нома,
То имрӯза, омада расидаанд пӯшида ҷома,
Алалхусус Берешит номаю Ардашир нома,
Назми Тӯроро сурудвор мехонанд ҳома*.
Насри Тӯроро чу дастхати назмий навишта,
Мидрашаро ба забони гуфторӣ навишта,
Ҳар китобро ӯ бо маънои шархий навишта,
Ин хазинаҳо Шимъони Ҳоҳом кард саришта.
Аз дастхати Шохин Шерозӣ, китоби Шмот,
Ҳагай Исхаков кардаанд тарҷимаи эҷод
Имрӯз ба забони форсӣ ҷома пӯшида ёфт ҳаёт,
Адабиёти Тӯрогӣ, мавҷуд дар тараққиёт.
Номи Шохини Шерозӣ,имрӯз вирди забон,
Мисли шоири муқаддасу фарҳанги замон,
Полина, таҳсинҳо созад ба тоҷдор Мавлон,
Ба Шоҳини Шерозӣ, сад бор рахмати калон!
Ҳома*—каждый
Шмот*— хуруҷ
Профессор Эзро Малаков
Дӯстонам—дирӯз гӯшрас шудем боз як хушхабар,
Ба музди меҳнатҳои серташвишу пур зафар,
Артисти халқӣ, гирифтанд унвони мӯътабар,
Эзро Устоз — унвони профессорӣ муборак!
Эзро Устозро, ба Ӯзбекистон карданд ташриф,
Артисти халқӣ, бо завқ, қабул карданд ин таклиф,
Зебандаи ҳар саҳна, бо устуворию шариф,
Эзро Устоз – унвони професорӣ муборак!
Ҳофизи шашмақом шумо, ба шогирдон ибрат,
Бо илму маҳорату овоз, шумо доим ба хизмат,
Инсонӣ рафтор мекунед ба шогирд беминнат,
Эзро Устоз – унвони профессорӣ муборак!
Эзро Устоз, ба шумо муносиб аст шоҳхона тахт,
Тани сиҳату, хотири ҷамъу, ва оилавий бахт,
Некномии шумо, чун мисли мевадор дарахт,
Эзро Устоз – унвони профессорӣ муборак!
Қаду қомататон баланд бод, аз чашми бад дур,
Хонаатон аз дӯстони беғараз бошад пур,
Аз овозу хонишатон саҳнаҳо гиранд нур,
Эзро Устоз – унвони профессорӣ муборак!
Номи авлод баланд гашт, аз рафтори марди хирд*,
Аз шумо азиз ибрат гирем шогирдон гирдогирд,
Ман Полина ба шумо ҳам ҷияну ва ҳам шогирд,
Эзро Устоз – унвони профессорӣ муборак!
Марди хирд*— мудрец.
28.02.2026
Насиҳати модар
Дунёи фонӣ бигзарад, абад нест ҳеҷ касе,
Дар ин олам аз одам, номи нек монад басе.
Ғайри ном дар ин ҷоҳон, фарзанд монад зи қафо,
Аз Худо дорам умед, насли пур меҳру вафо.
Аз фурсат фойда барам, каме диҳам насиҳат,
Духтару писар дорам, бо нутқу ҳам фасиҳат*.
Ба писар гӯям аввал, гӯш кун ҷонам писарҷон,
Дар ҳар муҳит доимо, бош саришта—сарамҷон.
Бош доим тавоно, танбеҳ надеҳ бар нотавон,
Далер шав мардонавор, хоксор бошу хушзабон.
Вазнин бош тони агар, аммо нашав бепарво,
Садақа кун бар камбағал, дилу дастад бошад во.
Ваъда, ки додӣ вафо кун, қарз аст лабзу ваъда,
Лабзат ҳалол бошад, асло нашави шарманда.
Падару модаратро ҳурмат кун бо эҳтиром,
Ба зану фарзандонат меҳрубон бош ту мудом.
Акнун диҳам ба духтар каме насри насиҳат,
Насиҳат нест ин, ки балки, ба ту ҳам маслиҳат.
Ту устуни оила шави дар пойдевори хона,
Хушрӯю хушнигор, мӯятро ҳар рӯз кун шона.
Хушзабон —қавӣ бош, вале асло нашав дағал,
Мағрур бош, сердида, диҳанда шав бар камбағал.
Шармнок машав, ба ҳама бош доимо меҳрубон,
Хоксор бошу, лекин изокаш нашав бегумон.
Соддалавҳ нашав ту, ба ҳар вазъият бош сабрнок,
Модарат қурбони ту, ба ин духтари ақлнок.
Як рӯз аз олами равшан Полина чашм пӯшад,
Рахматӣ дода дӯст, аз косаи «некӣ» май нӯшад.
Фасиҳат*—красноречие
14.02.2026
Нӯшокҳои фоидаовар.
Ман ҳамшира қалам гирифтам ғамхӯрӣ кунон,
Сиҳат саломатӣ талабида ба шумо ҳар он.
Имрӯз дар бораи нӯшокҳо намоям сухан,
Қариб ҳаштод фоиз об ҳаст ба урзанди бадан.
Баҳри тани инсон, фоиданок аст оби зулол,
Ба тани сиҳат менӯшем бо серӣ, бемалол.
Об—ба меъда омада, токсинҳоро кунад дур,
Рагҳои хунгузар ва буғумҳо шаванд аз куч пур.
Шарбати анор:- тапиши дил шавад муқаррар,
Ба фишори хунӣ ва камхунӣ фоидаовар.
Чойи пудинагӣ, оромӣ медиҳад камак,
Дар муборизаи бехобӣ, медиҳад кӯмак.
Кефир ҳам ба сафи нӯшокиҳо дохил буда,
Фоидаовар аст ба кори ҳазмкунии меъда.
Шарбати себ роҳатпазир ба гурдаю ҷигар,
Пешоб* шавад равон, бо фаъолияти дигар.
Шарбати клюкла—иммунитетро карда парвариш,
Ҳарорати баланди танро, фарорад бо кӯшиш.
Чойи ромашка, зидди бактеряҳо кунад ҷанг,
Асабро ором карда, ба афту чеҳра, диҳад ранг.
Полина, ба суханат худат карда риоя,
Аз нӯшокҳои фоидаовар нӯшӣ—кифоя.
21.02.2026
АВТОР: Полина хаимова Шоира Исроэл
