THE BUKHARIAN TIMES

Меваи шифобахш

Рӯишоту дарахтзор ҳаст ба ин табиат,

Модари ғамхӯрамо аст замин беминнат,

Меваю сабзавотҳои ширину шарбат,

Истеъмол карда мехӯрем ба тани сиҳат.

Меваҳо рангорангу хелбахелу қатор,

Ноку, шафтолу, анҷиру, ангуру анор,

Мехӯрем чор фасл аз тирамоҳу то баҳор,

Ҳар кадоми он шифо бахшанд як не ҳазор.

Себ ҳам яке аз меваи фоидаовар,

Ҳафсаду панҷоҳ хели себ ҳаст кунед бовар,

Ба ҳар мамлакати оламу ба ҳар кишвар,

Истеъмол мекунанд себро, ки себ бехатар.

Себи сабзеро хӯред бо пӯсташ хоида,

Ба ҳазмшавии озуқа дорад фоида,

Ҳатто каси фарбеҳ мефарояд коида,

Бо лаззат мешавад шири зани зоида.

Себи сурхро мехӯранд ҳама ёшу ҳам пир,

Фоида дорад ба тан, ва хизматаш кабир,

Себи сурх парешон-хотириро кунад пешгир,

Фаъолияти майнаро намояд дастгир.

Себи зардро хӯред дам гирифта ба соя,

Мустаҳкам кунад устуғони дасту поя,

Полина гуфт ҳар рӯз ду себ хӯред кифоя,

Себи зард менамояд аз шамол ҳимоя.

05.01.2019

Тарбуз

Дирӯз тарбузро дида кардам хуб хаёл,

Меваи калони замин—мисли қаёл*.

Неъмати тарбуз рӯяд дар замини саҳро,

Ба хӯрдани тарбуз табдил шавад сафро*.

Таркиби мағзи тарбуз, аз витамин бой,

Пеш аз фурў доди тарбуз, нағзакак хой.

Навад фоизи тарбуз аз об иборат,

Аз шифобахшиаш ҳаст якчанд ривоят.

Тарбуз пайдо шуд дар ҷануби Африка,

Офариши Худо ин, нест ба фабрика.

Тарбуз бинои чашмро намояд равшан,

Ҷигар тоза шавад аз моддаҳои равған.

Хӯред тарбузи сурхро каме як бурда,

Майда шуда резад сангу реги гурда.

Ба ҳазми меъда хизматаш аз ҳад зиёд,

Меъдаҳо холи шаванд аз ахлоту бод.

Фишори хунӣ ба муқаррарӣ гардад,

Дилу раги хун бо бехатарӣ гардад.

Фаъолияти майна шуда мустаҳкам,

Аломати парешонхотирӣ шавад кам.

Тарбузро хуред ба миёни ду таом,

Ба ҳамма муаммоҳо меояд тамом.

Тар карда ба оби шакари шалаббо,

Аз пӯсти тарбуз боз мепазанд мураббо.

Полина гуфто— хуред тарбуз ба меъёр,

Чунки шакари тарбуз ҷудоҳам бисёр.

*қаёл—мечта
*сафро—желчь
30.04.2024

Шифобахш лимон

Рисқ аз Худою, замин мезбон ва моён меҳмон,

Рӯишоти замин кабир аст мусаффо осмон,

Замин агар ҳосил хез бошад, рисқи рӯз арзон,

Она замин домонаш кенг, ба одаму ҳайвон.

Имрӯза ҳикоя, мо–ба васфи меваи лимон,

Фоидаҳои лимон серқирра аст баҳри ҷон,

Аз бӯи лимон, асабҳо орому фаровон.

Оби лимон пешгир хоҳад кард, бези саратон.

Дар таркиби он, моддаҳои фоида овар,

Инсонро нигаҳ дорад, аз вируси пур хатар,

Баъди хӯрдани хӯрок, ки лохас шавед агар,

Оби лимон нӯшед, нест аз ин давои дигар.

Зиафу камҷону дарди сар бошед аз азал,

Нӯшед ним пиёла чой, нимта лимон бо асал,

Гар дилатон бошад беҳолу хастаю касал,

Пӯсти лимон бо асал хуред, рӯзе як маҳал,

Фоидаи лимонро, омӯхтаям аз китоб,

Ба шумоён баён кардаям каме бо хитоб!

Полина дорам ба даст, лимон ба ранги офтоб,

Ҳар рӯз нӯшам нимта, лимон қӯши карда ба об.

15.12.2020


АВТОР: Полина хаимова Шоира Исроэл