THE BUKHARIAN TIMES

Профессор Эзро Малаков

Профессор Эзро Малак машҳур намоён,

Ки ӯ артисти халқи шуд дар Ӯзбекистон.

Аз олам то Ҳотамро нашуд мисолаш,

Расид шукӯҳи азми ӯ ба давру даврон.

Ҳаштоду ҳашт соли муборак ҳамраҳи ӯ,

Ишқу ҳавас чун соли ёш насиб беормон.

Фахру ғурур дар қавми мо боз ҳам зиёда,

Маъқул бувад дар оламу дар баҳри инсон.

Таълимгузор хуб ӯ муаллим бар нигунҳо,

Аз ӯ биомӯхтанду дарс бисёр ҷавонон.

Ишқи мақом буд аз ҷавониаш ба Эзро,

Дар ҷонфидоӣ бахшида умри фаровон.

Чун ифтихори халқи мо шуд номи Эзро,

Дар таърихи осорӣ* монд ин шӯҳрату шон.

Қоил ману, қоил ману, қоил ману ман,

Гӯяд Маири кардаи корҳои шоён.

Шукўҳи азм*—хизматҳои шоён
Осор*—инсони некном бо мероси адаби

Ному нишон фарзандакам

Нест инсон чун падар, наздик

ба ҷон, фарзандакам,

Сарвару тоҷи сараст дар

ҳар макон, фарзандакам.

Фаҳри фарзанд аст зиёд,

аз ҳурмату шаъни падар,

Ту падарро эҳтиром кун ҳар замон,

фарзандакам.

Гар писар бадкори кард, вох санг

зад ӯро ба дил,

Дур кун ранҷ аз падар, ӯ қадрдон,

фарзандакам.

Сар ки хам карди писар назди

падар, дар хизматаш,

Пеши яздон ҳасти ту дар имтиҳон,

фарзандакам.

Зиндаги душвор шавад, ғамхор

падар тайёр мудом,

Сарпаноҳат рӯзу шаб, ҳам посбон,

фарзандакам.

Ҳурмат ори дар падар, иззат биёби

аз писар,

Мебини рӯзҳои нек, ту дар ҷаҳон,

фарзандакам.

Гар, ки ту дар боғ чун гул ҳасти

бар зеби чаман,

Лек падар бар сар туро чун боғбон,

фарзандакам.

Гар падарро тоҷвар карди ту аз

тахти дилат,

Дар ҳаёт боши ҳамеша безиён,

фарзандакам.

Эй Маирӣ қадри ӯ қиммат зи гавҳар

аст, вале,

Дон, ки ту ҳасти ба ӯ ному нишон,

фарзандакам.

03.08.2023

Оромӣ бошад

Ба рӯзгори ҳаёт оромӣ бошад,

Чаро, эй ҷон ту бар ваҳми ҷаҳонӣ,

Гаре шодӣ ба дил тухме бикошад,

Ҷаҳон бар худ шинос то ки тавонӣ.

Зи хурсандӣ ба ҷон хоҳӣ даво соз,

Суруд хон, ки шавад дилхона пурнур,

Ва бо тори навозанда наво соз,

Зи шодӣ дил бигардад аз ғамаш дур.

Нишин нозук ба завқи ҷонсафоӣ,

Қадаҳ пешовару паҳлӯи ёрат,

Ҳаёт кӯтоҳ, ки нест ӯро вафоӣ,

Хабар деҳ аз нишот бар ҷони зорат.

Ба фурсатҳои умрат эътибор деҳ,

Ғанимат ҳар нафас, ҳар соату рӯз,

Маирӣ хуш нигоҳ дор таъби худро,

Нагӯяд дил, зи одам ҳайфу афсӯс.

Китоб хон!

Китоб хону китоб хону китоб хон,

Ба ҷону ҷисмат аз ғам ёби дармон.

Китобҳо бисёранд эй бидон ту,

Кадом аз онҳо бар дил хушхон.

Бихоҳи аз ғазалҳо ё мухаммас,

Кунам ман илтифот ар хоҳи девон.

Ба ишқи меҳри олам гарди хушнуд,

Ҳаёт аз пурнури он барқу тобон.

Рухат аз завқи хондан мехурад ҷӯш,

Бубин дар дил ту шавқи он дучандон.

Кушояд чашми ақлат аз ғафлат,

Ҷаҳон гардад ба ту беҳтар намоён.

Зи маънояш ба дил илҳом фазояд,

Раҳат гардад ба сӯи хулқи некон.

Мурод ояд зи хондан бар Маирӣ,

Муаммояш зи тадбир ёфта имкон.

22.12.2022

АВТОР: Мэирхай Довидов, Израиль