
Хонандагони азиз, аввали аввалаш, ман ҳамаатонро аз номи шахсии худам ва ҳам аз номҳои редакцияҳои газетаҳои дӯстдоштаамон “Марвориду” “Бухариан Таймсу” “Олами занону” “Абука”, Иттифоқи нависандагони Эрес Исроэл, театри фолклории яҳудиёни бухороӣ “Роҳати ҷон” ва дигар ташкилотҳои маданӣ-равшаннамоии Исроэл, бо иди бузурги озодшавии яҳудиёни тамоми олам Песах, аз самими қалбу ҷонам табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон сулху амонию тинҷию хотирҷамъию хушу хурсандиҳо, орзу бикунам, хонандагони азиз!
Дар Тӯро Ҳақудушену қайд карда шудаст, ки “Вэ ҳигадта ле бинха!”, яъне дар бораи ин иди озодшавиамону яке аз шабҳои асосии сари солҳои яҳудиён, яъне “Рош Ҳашана шел млахим” ва ҳам дар бораи аҳамияти он, барои сохти ҷамъияти яҳудиёни тамоми оламу дигару дигарон гуфтаҳою сабақҳои донишмандони Тӯро, аввали аввалаш, ба фарзандону набераҳоямону абераҳоямон, фаҳмонида додан шарт аст! Ин ҳам хоҳишу фармони Худои яккаву ягонаамон мебошад! Дар мақолаи табрикии мазкур, ман ба ҳамаатон намоиш медиҳам, ки ин шаби сеъӯдои чор пиёла дар хонаводи Рафоэл-бобо чи тавр гузашт! Марҳамат карда, бо кайфу сафо хонетону баҳровар гардетон, дӯстон!

“Қанӣ, ки ба ман мегӯяд, барои чӣ мо имшаб ҷамъ омадем ва кадом идро имшаб қайд карда истодаем, ҷонои бобош?” – гуфта, Рафоэл-бобо дар шаби якӯмини писхо ба набераҳояшон муроҷиат мекунанду мепурсанд.- Маводо, имшаб иди Пурим бошад, ҳа?”
“Не, не, бобоҷон?!”- баробар, хандакунон, бо ғалоғул, гуфтаанд набераҳо.
“Ҳа, ман камтар пир шудаму аз ёдам баромад да, ҷонои бобош?–бо табассум ҷавоб доданд мулло Рафоэл. – Ҳа, ба ёдам омад, имшаб моён шаби Суккоро қайд карда истодаем, ҳамин тавр нест, ҷонои бобош?”
Хандаҳою ғалоғули набераҳои мулло Рафоэл тамоми хонаро ба хушу хурсандиҳо овардаанд!
“Не, не, бобоҷон! Имшаб моён шаби Песахро қайд карда истодаем!” – баробар, бо хандаҳою шукуфон, гуфтанд набераҳо.

“Бобо, бобо, ман медонам!”- аз мобайни тамоми набераҳои ба ҳаяҷон омадаашон, дастро бардошт Итамари ширин. – Имшаб шаби Песах мебошаду моён бояд чор пиёла маё ё ин ки шарбати ангур бинӯшем, ҳамин тавр нест?”
“Бобо, бобо, мо имшаб масою кабудиҳои талхро ҳам мехӯрем!”- бо хурсандию овози ширини баланд гуфт дигар наберачаашон Маян.
“Бобо, бобо, имшаб моён сурудҳои “Якӯмин кӣ меданад” ва ҳам “Ҷон, бузғола”- ро мехонему масодуздӣ ҳам мекунем!” – бо ҳазлу табассумкунон гуфт набераашон Литали шириновоз.
“Тамоми ҷавобҳоятон дуруст мебошанд, баррачаҳои бобош! – падарона, ғалоғули набераҳояшонро хомӯш кунониданд мулло Рафоэл. – Ҳақиқатан ҳам, имшаб аз дигар шабҳо фарқияти куллӣ дорад, ки халқамон аз азобу машшақати нӯкарию ғуломӣ ба озодию хурсандию рӯшноӣ баромад! Аҳамият диҳетон, донаҳои анори бобош, ки кадом иди яҳудиёнро мо қайд накунем, ҳамаашон аз рӯи якхел нусқа сохта мешаванд. Яъне, халқамон, қаҳру ғазаби Худоро оварда, гуноҳҳои зиёдеро мекунанд. Худо бошад, барои гуноҳҳои кардагиашон, чун мисли падари ҳақиқӣ, он халқамонро ҷазои сахт медиҳад, ки “То бадро набинӣ, ба нек намонӣ сар!” – мегӯянд. Баъд аз ин бошад, халқ, бо чиррасу доду фиғону илтиҷо, бозу боз ҳам ба Худо муроҷиат мекунад, то ин ки он гуноҳҳояшонро бубахшаду халқи нахӯстбинашро наҷод диҳад.

“Рахум вэ Ханун”–меномем мо он Худоамонро дар Тӯротену Ҳақудушо! Бинобар ҳамин ҳам, Худои раҳмдилу сулхпараст, бозу боз ҳам аз гуноҳҳои халқи дӯстдораш мегузараду онҳоро наҷод медиҳад! Аҳамият диҳетон, ки дар китоби “Агадат Песах”, ҳатто, қайд карда шудаст, ки Худо худаш падаронамонро ба Эрес Мисраим роҳӣ кунонида, онҳоро ба ҷазои сахт, яъне ғуломию азобу машшақат, дучор намуд, то ин ки маънои гуноҳҳои кардагиашонро халқамон нағз фаҳмаду дар оянда хизмати Худоро бикунад. Худо, бо як миҷа қад кардан, метавонист мисриёнро несту нобуд кунаду мамлакаташонро ҳам ба замин яксон бикунад! Вале, Худо хоҳише дошт, ба худи яҳудиён ва ҳам ба тамоми олам, дараҷаи қуввату қудраташро намоён бинамояд! Барои ҳамин ҳам, Ӯ даҳ зарбҳою шаттаҳои сахташро ба онҳо намоён намуд!”
“Бобо, бобо, ман акнун фаҳмидам, ки мо аз сабаби озод шудагиамон, дар болои ҷои баланд менишинему ба болиштҳо, бо кайфу сафо, такя ҳам мекунем.” – хулоса баровард набераашон Тами.
“Бале, ҷони бобош! – тасдиқ карданд мулло Рафоэл.
“Бобо, бобо, барои чӣ Худо Мӯшеи тутуларо барои халқамонро ба озодӣ баровардан фиристонд?! Оё дигар одами солиму устувору даллертаре ёфт нашуд ми?” – пурсид набераашон Ноа.
“Ягон кору кирдору фикру муллоҳизаи Худо бе мазмуни чуқур нест, қандолотҳои бобош!” – гуфтанд мулло Рафоэл. – Агар мушоҳида кунетон, номи Мӯше рабену аз сетта ҳарфҳои ивритӣ, яъне “Мэм”, “Шин” ва ҳам”Ҳэй” иборат мебошад. Агар он номашонро моён аз тарафи чап ба тарафи рост хонем, номи “Ҳашем!” мебарояд. Яъне, Худо ба Мӯше рабену қуввату қудрати илоҳӣ дода, ӯро ба ин вазифаи муҳим гузошт, ҷонои бобош!”
“Бобоҷон, барои чӣ ин идро “Песах” меноманд?” – пурсид Итамар.
“Ду калимаи ивритӣ: “Ледалег” ва ҳам “Лифсоах”, яъне “Песах”, ба моён мефаҳмонанд, ки бо чӣ сабаб Худо аз хонаҳои моён гузаштаю авлодони моёнро тинҷу осоишта монда, фарзандони нахӯстбини мисриёнро нобуд мекунад!” – фаҳмониданд мулло Рафоэли пурдон ба набераҳояшон.
“Шумо бояду шояд донетон, мавизҳои бобош, ки моро “Яҳудиён” беҳуда наменоманд. Калимаи “Яҳудӣ” дар асоси калимаи “Леҳодот”, яъне шукру миннатдорӣ изҳор намудан, сохта шудаст. Барои ҳамин ҳам, яҳудиён бояд, нисбат ба Бузургвори олам, шукрбанда бошанд! – гуфтанд Рафоэл-бобо
“Бобо, бобо, барои чӣ мо тамоми китоби таърихи песахро дар муддати як шаб хонда мебароем?” – пурсид набераашон Тами.
“Ҳа, ҳа, бобоҷон! – саволи Тамиро давом дод Итамар. – Меҳмонон гушна мемонанду монда ҳам мешаванд ку?”
“Ҳар як яҳудӣ ва алалхусус моён ҳам, худашро имшаб, чун мисли падаронамон, аз мамлакати Мисраим ва ҳам аз азобу машшақати ғуломӣ, аз голут ба геуло, ҳозира худаш баромадагӣ барин, бояд ҳис кунад! Аз талхии зиндагониашон бояд бичашад, эркаҳои бобош! – гуфтанд мулло Рафоэл.
“Бобоҷон, набошад ман ҳам имшаб як порчаи ин китоби муқаддасамонро хонам, мумкин ми? – иҷозат пурсид набераи хурдиашон Маян.
“Албатта, ҷони бобош, ҳатто суруди “Ма ништана” – ро ҳам худат метавони сар бикуни!” – бо табассуму меҳру муҳаббат, падарона, иҷозат доданд мулло Рафоэл табассумкунон.
“Бояд бидонем, бузғолачаҳои ширини бобош, ки касе ба яҳудиён равою ғаразу нияти бад дораду хоҳише дорад моро сарнагун кунад, он нияти бадаш, албатта, бо хоҳишу фармони Худо, ба худи худаш мегардад, ки мо бо Худо брит дорем, яъне шарт бастем, ҷонои бобош!” – гуфтанд мулло Рафоэл.
Илоҳо, Худо ҳамаамонро ба нигоҳи некаш гирифта, аз голут ба геуло, яъне аз ғуломӣ ба озодию хурсандиҳо бароварда, подшоҳ Мӯшияхамонро тезтар роҳӣ кунад, то ин ки бо кайфу сафою озодона зист кунем, ҷонои ширини бобош! Илоҳо, халқи яҳудиён ҳам, ба қадри додҳои Худоамон расидаю шукр гуфта, бирасанд! Омен ва омен! – талабиш карданд мулло Рафоэл.
Шаби якӯмини песах, яъне, сеудои “Чор пиёла”, бо сурудхонию хушу хурсандиҳо гузашту набераҳо аз гуфтаҳои Рафоэл- бобо сабақи бебаҳо омӯхтанд. Ба тамоми хонандагони газетаи дӯстдоштаамон “Бухариан Таймс”, ман “Хаг Песах самеах!” – гуфта, солимию бардамӣ, умри дарозу ризқи фаровон ва ҳам шабу рӯзҳои хушу хурсандиҳоро орзу мекунам! Омен ва омен!
Рафоэл Бангиев
Тел-Авив. Эрес Исроэл
